То поёни муҳлати ҳузури нерӯҳои Амрико ва шарикони асосии он аз кишварҳои узви НАТО дар Афғонистон як рӯз боқӣ мондааст. Акс: Интернет Имрӯз нишасти Шӯрои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид дар бораи Афғонистон ва иқдомҳои минбаъдаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ин кишвар сурат мегирад. Дирӯз, Департаменти давлатии ИМА дар як изҳорот аз баргузории ин нишаст эълон карда […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
То поёни муҳлати ҳузури нерӯҳои Амрико ва шарикони асосии он аз кишварҳои узви НАТО дар Афғонистон як рӯз боқӣ мондааст.
Акс: Интернет
Имрӯз нишасти Шӯрои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид дар бораи Афғонистон ва иқдомҳои минбаъдаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ин кишвар сурат мегирад.
Дирӯз, Департаменти давлатии ИМА дар як изҳорот аз баргузории ин нишаст эълон карда гуфт, дар он “равиши ҳамоҳангшуда барои рӯзҳо ва ҳафтаҳои оянда” баррасӣ мешавад.
Дар ин нишаст намояндагони кишварҳои Фаронса, Канада, Олмон, Италия, Ҷопон, Британияи Кабир ва Русия ҳузур пайдо хоҳанд кард. Ҳамчунинин намояндагони кишвари Туркия, Қатар, Иттиҳодяи Аврупо ва Паймони Атлантикаи Шимолӣ низ ширкат мекунанд.
Дар изҳорот ишора шудааст, ки котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен пас аз мулоқот барои арзёбии иқдомҳои ахири ИМА дар Афғонистон суханронӣ хоҳад кард.