Нигаронии Тоҷикистон аз “муташанниҷ шудани вазъ” дар Ховари Миёна

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри изҳорот аз бад шудани авзоъ дар Ховари Миёна нигаронӣ кардааст.

Бино ба иттилои расмӣ, Вазорати корҳои хориҷии кишвар бидуни он, ки аз кудом кишвар ва ё гурӯҳе дар минтақаи Ховари Миёна гуфтааст: “Муташанниҷшавии бошиддати вазъ дар Ховари Миёна, ки боиси талафоти ҷонӣ миёни мардуми осоишта ва тахриб шудани миқдори зиёди иншооти иҷтимоию инфрасохторӣ гаштааст, нигаронии амиқро дар Тоҷикистон ба бор овард.”

Ба қавли манбаъ, “Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалҳои зуровариро қатъиян маҳкум карда, ҷонибҳоро барои фавран хотима додани хушунатҳо ва оғози муколама баҳри ба эътидол овардани вазъ даъват менамояд.”

Ба гуфтаи хеле аз коршиносон ва манбаъҳои расмӣ, Ховари Миёна як истилоҳи ҷуғрофиёӣ-сиёсиест, ки дар ҳоли ҳозир дасти кам 17 давлат ба мисли Арабистони Саудӣ, Мирс, Судон, Эрон, Ироқ, Сурия, Туркия, Қатар, Кувайт, Урдун, Уммон, Фаластин ва сарзаминҳои ишғолӣ-Исроил, Баҳрайн, Лубнону Амороти Муттаҳидаи Араб ва Яманро дар ҳавзаи сиёсии он медонанд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба сурати мустақим номи ҳеч кишвар ва ё гурӯҳу созмонеро, ки ба сабаби таҳарукоти онҳо боиси “муташанниҷшавии бошиддати вазъ” дар минтақаи Ховари Миёна гардида бошад, дар ин изҳороташ зикр накардааст.

Пеш аз ин субҳи 7-уми октбяри соли 2023 Ҳаракати муқовимати исломии Фаластин – “ҲАМОС” аз оғози як амалиёти низомӣ алайҳи Исроил зери унвони “Туфони Ақсо” хабар дод. Ин амалиёт, ки дар таърихи 75-солаи Исроил бесобиқа аст, сотаи 6-и субҳ бо тулӯъи хуршед оғоз шуд ва то ҳол идома дорад.

Аз сӯи дигар, Нахуствазири давлати Исроил ҳам оғози ин амалиёти низомиро “рӯзи сиёҳ” хонда, ҳамалоти густурдаи низомиеро алайҳи борикии Ғазза оғоз кард. Тибқи охири гузоришҳо теъдоди куштаҳои Исроил аз марзи 1000 нафар гузаштааст. Шумори қурбониёни фаластинӣ дар Ғазза ва дигар манотиқи ин кишварро беш аз 500 нафар арзёбӣ мекунанд.

Ин амалиёти низомӣ бар хилофи тамоми ҷангҳое, ки дар гузашта байни Исроил ва фаластиниҳо ва арабҳо сурат гирифтааст, ба он фарқ дорад, ки дар дохили марзҳои Исроил оғоз шуда, то ҳол идома дорад.

Акасари кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Амрико, Олмон, Фаронса, Бритониё ва ҳатто Украина, ки зери ҳамлаҳои Русия қарор дорад, эълони ҳамбастагӣ бо Исроил карда, гуфтаанд, ки бо кумакҳои худ аз Телабиб ҳимоят мекунанд.

Аз сӯи дигар, кишварҳои Эрону Қатар, Малайзия, Афғонистон ва инчунин Шӯрои муқовамати миллии ин кишвар гуфтаанд, ки дар ин қазия паҳлӯи мардуми мазлуми Фаластин қарор мегиранд ва аз онҳо ҳимоят мекунанд.

Аммо чиро Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ки хуб медонад, ҷанг дар Исроил оғоз шудааст ва дар ин борикии Ғазза ва атрофи он ба шиддат идома дорад, вале дар изҳороташ номи ҳеч кишвар, гурӯҳ ва ё созмонеро зикр накарда, суолест, ки посухи қатъии онро ҳам худи вазир ва дастгоҳи диплумосии Тоҷикистон медонанд.

Амруллоҳи Низом, махсус барои Azda.tv

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Муҳоҷири корӣ дар рақобат бо роботу AI ва Чин

Агар суол гузошта шавад, ки бузургтарин хавфи иқтисодии Тоҷикистон кадом аст, посух на кам шудани тилло дар конҳост ва на қарзҳои афзояндаи хориҷӣ, балки тағйир ёфтани модели муҳоҷирати корӣ аст.

Ҷалби садҳо миллион доллар грант барои татбиқи чанд лоиҳа дар Тоҷикистон

Мақомоти Тоҷикистон барои амалисозии чандин лоиҳаи бузург аз Бонки ҷаҳонӣ садҳо миллион доллар грант мегирад. 

Боздошти се нафар бо гумони таҷовуз ба номуси як духтари ноболиғ

Мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 7-уми июл аз боздошти се ҷавон бо гумони содир кардани ҷиноятҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ нисбат ба як духтари ноболиғ хабар доданд.

21 кушта ва 19 захмӣ: омори нигаронкунандаи садамаҳо дар корхонаҳои саноатии Тоҷикистон

Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ бар асари ҳодисаҳои нохуш дар корхонаҳои саноатӣ ва соҳаи кӯҳкории Тоҷикистон 21 нафар ҷон бохта, 19 нафари дигар захмӣ шудааст.