Нигаронии сафорати Амрико аз набуди интернет дар Бадахшон
Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Душанбе рӯзи 16-уми март бо нашри эъломияе аз набудани Интернет дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон изҳори нигаронӣ кард. Акс: Интернет Дар ин эъломия Сафорати Амрико аз Ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки дастрасии пурраи мардуми Бадахшонро ба Интернет таъмин кунад. Сафорати Амрико навиштааст, ки “Ин амал имкони дастрасии сокинони вилоятро ба иттилоот, […]
Фирӯзи Ҳаит· Рӯзноманигор ва муҷрӣ· Ба дигарон фирист
Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Душанбе рӯзи 16-уми март бо нашри эъломияе аз набудани Интернет дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон изҳори нигаронӣ кард.
Акс: Интернет
Дар ин эъломия Сафорати Амрико аз Ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки дастрасии пурраи мардуми Бадахшонро ба Интернет таъмин кунад.
Сафорати Амрико навиштааст, ки “Ин амал имкони дастрасии сокинони вилоятро ба иттилоот, пеш бурдани тиҷорат ва озодии баён таҳти таъсир қарор додааст. Аз Ҳукумати Тоҷикистон даъват мекунем, ки ба озодии бунёдӣ эҳтиром бигузорад.”
Ин бори аввал нест, ки кишварҳои хориҷӣ ва намояндагони созмонҳои ҷаҳонӣ аз набуди Интернет дар ВМКБ изҳори нигаронӣ мекунанд.
Сокинони шаҳри Хоруғ ва атрофи он аз моҳи ноябри соли 2021, пас аз тазоҳуроти чаҳоррӯзаи мардум дар маркази вилоят то ин дам аз Интернет маҳруманд ва фишори мақомот болои мардуми ин минтақа рӯз аз рӯз бештар шуда истодааст.
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Омор
Захира ё дастрасии техникӣ барои мақсади қонунии фаъол кардани хидмати мушаххас, ки корбар ошкоро дархост кардааст, ё танҳо барои интиқоли иттилоот тавассути шабакаи иртиботи электронӣ ҳатмист.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.