Сарвазири Арманистон Никол Пашинян 28 март дар мулоқот бо сокинони минтақаи Армавири Арманистон эълом дошт, ки моҳи апрел аз мақомаш эстеъфо медиҳад. Аммо ӯ гуфт, истеъфояш на ба хотири ба куллӣ аз сиёсат рафтан аст, балки барои баргузории интихоботи пеш аз муҳлати парлумонӣ ӯ бояд истеъфо бидиҳад. “Ман дар моҳи апрел истеъфо медиҳам, аммо на […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Сарвазири Арманистон Никол Пашинян 28 март дар мулоқот бо сокинони минтақаи Армавири Арманистон эълом дошт, ки моҳи апрел аз мақомаш эстеъфо медиҳад.
Аммо ӯ гуфт, истеъфояш на ба хотири ба куллӣ аз сиёсат рафтан аст, балки барои баргузории интихоботи пеш аз муҳлати парлумонӣ ӯ бояд истеъфо бидиҳад.
“Ман дар моҳи апрел истеъфо медиҳам, аммо на барои он ки мехоҳам биравам, балки барои баргузории интихоботи пеш аз муҳлат. Дар ин муддат ман вазифаи сарвазирро иҷро хоҳам кард”, – гуфт Пашинян.
Акс: ИнтернетАкс аз: “verelq.am”
Тавре хабаргузории “Verelq” иттилоъ меидҳад, Сарвазир дар мулоқот бо сокинон муроҷиат карда, гуфта, ки дар сурати дастгирӣ ёфтан аз ҷониби интихобкунандагон, ба кишвар аз пештара ҳам беҳтару хубтар хидмат хоҳад кард. Ба гуфтаи худи ӯ, агар шаҳрвандон аз тими ӯ пуштибонӣ накунанд, дар он сурат қудратро ба дигаре интиқол хоҳад дод.
Интихоботи ғайринавбатии парлумонӣ дар Арманистон қарор аст рӯзи 20 июни соли ҷорӣ баргузор шавад. То он вақт Пашинян ҳамчун сарвазири ҳукумат кор хоҳад кард.
Пас аз даргириҳои қувваҳои низомии Арманистон ва Озарбойҷон дар Қарабоғи Кӯҳӣ бо миёнҷигарии Русия Арманистон Қарабоғро ба Озарбойҷон супорид ва сокинони арманиро аз онҷо берун овард. Аммо ин кори ӯ мардуми арманро ба хашм овард ва онҳо даст ба тазоҳурот зада истеъфои Пашинянро талаб карданд. Мардум ӯро дар ин қарордод бо Озарбойҷону Русия шикастхӯрда дониста, аз қударат канор рафтанашро талаб карданд.
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Омор
Захира ё дастрасии техникӣ барои мақсади қонунии фаъол кардани хидмати мушаххас, ки корбар ошкоро дархост кардааст, ё танҳо барои интиқоли иттилоот тавассути шабакаи иртиботи электронӣ ҳатмист.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.