Хабар
УМУМӢ
Нишасти ҳамсояҳои Афғонистон дар Чин
Нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои ҳамсояҳои Афғонистон ба муддати ду рӯз дар Пекин баргузор мешавад. Акс: Интернет Расонаҳои давлатии Чин хабар медиҳанд, ки рӯзҳои 30-31-уми марти соли 2022 Пекин мизбони 3-юмин нишасти Вазирони корҳои хориҷии ҳамсояҳои Афғонистон мешавад. Ба иттилои расонаҳо, ин нишаст бо ҳузури вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Туркманистон, Покистону Эрон, Ӯзбекистон ва бо […]
Кормандони AZDA TV
· 29.03.2022
Ба дигарон фирист
Нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои ҳамсояҳои Афғонистон ба муддати ду рӯз дар Пекин баргузор мешавад.
Акс: Интернет
Расонаҳои давлатии Чин хабар медиҳанд, ки рӯзҳои 30-31-уми марти соли 2022 Пекин мизбони 3-юмин нишасти Вазирони корҳои хориҷии ҳамсояҳои Афғонистон мешавад.
Ба иттилои расонаҳо, ин нишаст бо ҳузури вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Туркманистон, Покистону Эрон, Ӯзбекистон ва бо шумули сарпарасти Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон Амирхон Муттақӣ баргузор мегардад.
Инчунин дар ин нишаст вазири корҳои хориҷии Русия Сегей Лавров ва вазирони корҳои хориҷии Қатар ва Индонезия низ ба унвони меҳмонони вежа даъват шудаанд.
Нахустин нишасти ҳамсояҳои Афғонистон дар соли гузашта дар Покистон ба таври он-лайн ва нишасти дувуми он дар Теҳрон ба шакли ҳузурӣ баргузор шуда буданд.
Гуфта мешавад, ҳафтаи гузашта вазири корҳои хориҷии Чин дар доираи сафарҳои минтақаӣ дар як сафари аз пеш эълон нашуда вориди Кобул гардида, бо Амирхон Муттақӣ, сарпарасти Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон ва Мулло Абдулғанӣ Бародар, сарпарасти ҳукумати муваққати Толибон ва дигар раҳбарони Толибон мулоқот карда буд.
Ба дигарон фирист