Номаи табрикии Сироҷиддин Муҳриддин ба Амир Абдуллоҳиён

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ирсоли як номаи табрикотӣ ба ҳамтои эрониаш Амир Абдуллоҳиён Ҷумҳурии исломии Эронро ба муносибати солрӯзи инқилобаш табрик кард.

Бино ба иттилои сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин дар ин номаи худ ба Амир Абдуллоҳиён гуфтааст, “бо камоли хушнудӣ Рӯзи миллии Ҷумҳурии исломии Эронро ба ҷаноби олӣ табрик ва таҳният арз намуда, беҳтарин таманниёти худро иброз медорам.“

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтааст: Мо шоҳиди пешрафти чашмгир ва бузурги кишвари дӯст ва бародари Ҷумҳурии исломии Эрон дар тамоми арсаҳои давлатдорӣ ва афзоиши эътибору манзалати он дар саҳнаи байналмилал ҳастем, ки дар имтидоди хостаҳо ва ормонҳои мардуми шарифи Эрон мебошад.

Гуфта мешавад, то замони таҳияи ин матлаб сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар бораи ирсоли чунин номае ба Вазири корҳои хориҷи Эрон иттилоъ надода буд.

Инқилоби Эрон дар соли 1357 ҳиҷрӣ хуршедӣ мутобиқ ба соли 1979 мелодӣ (машҳур ба инқилоби исломӣ) бо мушорикати руҳониён, бозориён, аҳзоби сиёсии мухолиф, равшанфикрон, донишҷӯён ва мардуми одӣ дар Эрон анҷом пазируфт ва низоми подшоҳии ин кишварро сарнагун ва заминаи рӯи кор омадани низоми ҷумҳурии исломӣ бо роҳбарии Руҳуллоҳ Хумайниро фароҳам кард. Ин инқлоб бо номи “Инқилоби Баҳмани 57” низ шинохта мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

ИМА як шаҳрванди Тоҷикистонро барои мусоидат ба харидории силоҳи зиддиҳавоӣ барои Эрон таҳрим кард

Департаменти давлатии ИМА рӯзи 4-уми ноябр алайҳи се шахс ва чанд ширкат таҳрим ҷорӣ кард, ки дар миёни онҳо як шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳаст.

Тайсон ва Ҳолифилд дар Душанбе: пушти даъвати ситораҳои дунё чӣ ҳадафе ҳаст?

Шоми рӯзи 5-уми ноябр дар Душанбе ҳамоише бо ҳузури чеҳраҳои саршиноси ҷаҳон дар риштаҳои гуногун баргузор шуд.

Созмонҳо аз Олмон хостанд, ки Саидтаиб Саидмамудовро ихроҷ накунад

Ҳаракати сиёсии "Гурӯҳи 24" аз мақомоти Олмон даъват кардааст, ки аз ихроҷи Саидтаиб Саидмамудов, ҷонибдори ин ҳаракат ва намояндаи ҷомеаи помириҳо ба Тоҷикистон пешгирӣ кунанд.

Шикоят аз бетаваҷҷуҳӣ дар бемористон: бемор пас аз чанд соат интизорӣ ба кома рафт

Наворе, ки рӯзноманигор Шаҳлои Гулхоҷа дар саҳифаи худ дар...