25.9 C
Dushanbe

Нопадид шудани 16 шаҳрванди Тоҷикистон дар фурудгоҳи Душанбе

16 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки субҳи 11 январ аз Молдова ба Тоҷикистон баргаштанд, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо худ “бурданд”. Дар ин бора “Centralasia” хабар дод.

Тибқи иттилои ин расона, шаҳрвандони тоҷик тавассути ҳавопаймо аз Истамбул ба Душанбе омадаанд. Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, ки дар бораи ин ҳодиса чизе намедонанд.

Ҳамзамон 11 январ намояндагони Вазорати корҳои дохилии Молдова хабар доданд, ки 16 шаҳрванди Тоҷикистон ба вайрон кардани қоидаҳои будубош дар ин кишвар айбдор карда шуданд, пас аз адои ҷарима аз Молдова ба Тоҷикистон баргаштанд.

Айни замон макони будубоши ин шаҳрвандон маълум нест.

Олга Поалелунги, директори Бюрои муҳоҷират ва паноҳгоҳи назди Вазорати корҳои дохилии Молдова гуфт, ки 16 шаҳрванди Тоҷикистон барои вайрон кардани қоидаҳои будубош дар ин кишвар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда муҷозот шудаанд. Ба гуфтаи хонум Олга, “рӯзи якшанбе ин шаҳрвандон бо пули худ чипта харида, ба ватан баргаштанд.”

Олга Поалелунги, директори Бюрои муҳоҷират ва паноҳгоҳи назди ВКД-и Молдова. Сурат: unimedia.info

Дар ҳамин ҳол сомонаи Радиои Озодӣ аз қавли Михаил Водэ, намояндаи дигари Бюрои муҳоҷират ва паноҳандагии назди ВКД-и Молдова навиштааст, ки ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон рӯзи 10-уми январ хоки Кишинёвро тарк карданд.

“Онҳо нахостанд, дар бораи мақсади сафарашон хабар диҳанд. Фикр накунам, ин ҷо гап дар сари муҳоҷирати ғайриқонунӣ аст. Онҳо билетро бо пули худ харида, ҳамчунин ҷаримаро пардохт карданд. Ҳар кадоме – 90-долларӣ”, – гуфт ӯ.

Дар идома Водэ қайд кардааст, ки дар қазияи шаҳрвандони Тоҷикистон “ҳеҷ ангезаи сиёсӣ”-ро намебинад ва афзуд, ба Молдова шаҳрвандони Тоҷикистон “зиёд намеоянд”.

Дар тасдиқи ин хабар як корманди Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки вақте мусофирони ҳавопаймои Истанбул-Душанбе аз марз мегузаштанд, “кормандони Раёсати сарҳадбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бар асоси як рӯйхат чанд нафарро гирифтанду ба утоқи дигар бурданд.”

Ба иддаои ин манбаъ пас аз як муддат онҳоро аз утоқ берун бурдаву аз бинои фурудгоҳ хориҷ шудаанд. Дар идома ин ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ иброз доштааст, ки “афроди шоҳиди саҳна ҳамон лаҳза гумон карданд, ки шояд онҳо гумонбар ба кадом ҷинояте ҳастанд, вале зоҳиран барои худи баргаштаҳо аз Молдова низ ин ҳолат ногаҳонӣ буд.”

Вай афзуд: “Вақте шахсони боздоштшуда аз кормандони Раёсати марзбонӣ пурсиданд, ки “моро ба куҷо мебаред, чӣ кор кардаем?” дар посух гуфтанд, ки “дар бораи Шумо барвақт хабар расидааст, дар идора суҳбат мекунем”.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бораи ҳодиса изҳори бехабарӣ мекунанд.

Бар асоси созишномаи байниҳукуматии Молдова ва Тоҷикистон, ки соли 2019 баста шудааст, шаҳрвандони ҳарду давлат метавонанд дар қаламрави ҳар як давлат бидуни раводид 90 рӯз бимонанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Чархаи 7-уми НБО-и “Норак” фаъол шуд. Оё “лимит” аз байн меравад?

Рӯзи 24-уми апрели соли 2026 чархаи 7-уми Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" бо ҳузури раисҷумҳури кишвар Эмомлаӣ Раҳмон ба кор оғоз кард.

Бонкҳои Тоҷикистонро аз рӯйхати сиёҳи ИА берун карданд

Иттиҳоди Аврупо бонкҳои марбут ба наздикони Эмомалӣ Раҳмонро аз рӯйхати сиёҳаш берун кард.

Суръати интернет дар Тоҷикистон беҳтар шуд?

Тоҷикистон мавқеи худро дар радабандии ҷаҳонии суръати интернет беҳтар кард.

Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон: барканориҳо ва таъйиноти нав дар чанд ниҳод

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон тағйироти кадриро дар сохторҳои гуногуни давлатӣ анҷом дод.