Корбарон мегӯянд, аз рӯи ночорӣ ба ин бонк муроҷиат мекунанд, вале дигар бонкҳое дар кишвар вуҷуд дорад, ки хидматрасониҳояшон аз Душанбе Сити ба маротиб беҳтар аст. Чунончи, Рустам Рустамов мегӯяд: “Ман аз бонки Душанбе Сити миллион бор безорам, аз хизматрасонии Алиф истифода мебарам, аммо чанд шарики тиҷоратиамон Душанбе Сити доранд ва мо ҳам маҷбурем аз хадамоти ин бонк, ки бадтарин аст, истифода барем.“
Мизоҷон аз ин бонк талаби ҷорӣ кардани механизми содда барои баррасии муроҷиатҳояшон ва таъмини кумакрасонии саривақтии коршиносонро доранд. Ширкати мазкур ҳанӯз расман ба ин шикоятҳо вокуниш нишон надодааст, аммо интизор меравад, ки масъулон тадбирҳоеро барои беҳтар намудани сифат ва самаранокии хизматрасонӣ андешанд, то ки муносибат бо мизоҷон ба таври бунёдӣ тағйир ёбад.