Оғози гармои шадид дар Тоҷикистон ва фармони Раҳмон ба мардум

Шуруъ аз имрӯз дамои ҳаво дар бархе минтақаҳои Тоҷикистон ба таври камсобиқа гармтар шуда ва ин мақомотро нигарон кардааст.

Бино ба иттилои расмӣ, 24-уми июли соли 2024, Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо раисони вилоятҳои Суғду Хатлон гуфтааст, ки дамои ҳаво дар Тоҷикистон ва бахусус дар вилояти Хатлон гармтар мешавад, барои пешгирӣ аз ҳамагуна ҳолатҳои изтирорӣ омода бошанд.

Ба қавли манбаъ, раиси ҳукумати кишвар ба раисони шаҳри Душанбе ва раисони вилоятҳои Суғду Хатлон супориш додааст, ки “доир ба пешгирӣ аз сухтору дигар ҳолатҳои фавқулода ва ҳифзи биною иншоот, бозорҳо ва киштзор, ба хусус заминҳои ғалла” назоратро пурзӯр кунанд.

Инчунин Эмомалӣ Раҳмон ба мардум тавсия кардааст, ки дар ин мавсими гармои шадид сокинон обро бисёртар бинӯшанд. Тибқи оморҳои расмӣ айни замон беш аз 33% аз оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд. Ҳамзамон яке аз мушкилоти асосии шаҳрвандони Тоҷикистон ва бахусус сокинони вилояти Хатлон камбуди оби ошомиданӣ мебошанд.

Гуфта мешавад, Президенти Тоҷикистон дар ҳоле аз оғози гармои шадид дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст, ки ду рӯз пеш аз ин Раҷабалӣ Расулзода, муовини Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” дар нишасти матбуотии ниҳоди зертобеаш ба расонаҳо гуфта буд, ки “аз шумораи 10 миллион аҳолии ҷумҳурӣ ҳамагӣ 66 фоиз, ё ин ки 6 миллион 741 ҳазор нафар бо оби нӯшокии мутамарказонидашуда таъмин мебошанд.” Ин маънои онро дорад, ки айни замон дар Тоҷикистон 34 фоизи сокинони кишвар дар ҳамин мавсими гармои шадид аз оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Хадамоти муҳоҷират аз ҷамъоварии пул барои кумакҳо ҳушдор дод

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, бархе афрод ва бунёдҳои қалбакӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо нашри аксу наворҳои сохта аз мардум пул ҷамъ мекунанд.

Демократҳо дар интихоботи миёндавраии ИМА пешсаф шуданд

Ҳизби демократи Амрико бо пирӯзии аксарият бар ҷумҳурихоҳони ин кишвар дар ҳарду палатаи Конгресс ғолиб омаданд.

Вазорати мудофиа: Беш аз 97 дарсади нақшаи даъвати тирамоҳӣ иҷро шуд

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон рӯзи 2-юми ноябр хабар дод, ки дар моҳи аввали даъвати тирамоҳӣ беш аз 97 дарсади нақшаи даъвати сарбозон ба артиш иҷро шудааст.

Тоҷикистон 100 миллион доллар аз САСР қарз гирифт

Тоҷикистон бахши аввали қарзи 200-миллиондолларии Сандуқи авруосиёии суботу рушд (САСР)-ро дарёфт кард.