Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ин рӯзҳо ҳаво сард мешавад!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сардшавии ҳаво ва боришоти барфу лағжиши тарма дар манотиқи кӯҳии Тоҷикистон ҳушдор дод.

Ҳамчунин КҲФ бо такя ба маълуоти Агентии ҳавошиносии кишвар ба мусофирон ва ронандагоне, ки аз роҳи Душанбе-Хуҷанд сафар кардан мехоҳанд, ҳушдор медиҳад, ки эҳтиёткор бошанд, зеро “рӯзҳои 5 – 7-уми декабри соли равон аз километри 47 то 79 роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд аз сабаби боришоти шадид хатари лағзиши тарма вуҷуд дорад.”

Кумита аз шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар хоста, ки “дар чунин рӯзҳо равуо бо роҳҳои кӯҳиро маҳдуд кунанд. Аз рафтан ба доманакӯҳҳо барои ҷамъоварии ҳезум, ба шикоргоҳ барои шикор худдорӣ намоянд.”

Ҳамчунин аз шаҳрвандони кишвар хоста шуда, ки хонаҳояшонро хуб гарм нигоҳ доранд, зеро сардии ҳаво шадид хоҳад буд. Вале дар хабар гуфта нашудааст, ки сардии ҳаво то чанд дараҷа поён хоҳад рафт. Аммо тибқи маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон, дар ин рӯзҳо сардии ҳаво дар ҳар минтақаи кишвар гуногун буда, дар умум шабона байни -2 то -8 ва рӯзона аз +0 то +6 арзёбӣ мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Хадамоти муҳоҷират аз ҷамъоварии пул барои кумакҳо ҳушдор дод

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, бархе афрод ва бунёдҳои қалбакӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо нашри аксу наворҳои сохта аз мардум пул ҷамъ мекунанд.

Демократҳо дар интихоботи миёндавраии ИМА пешсаф шуданд

Ҳизби демократи Амрико бо пирӯзии аксарият бар ҷумҳурихоҳони ин кишвар дар ҳарду палатаи Конгресс ғолиб омаданд.

Вазорати мудофиа: Беш аз 97 дарсади нақшаи даъвати тирамоҳӣ иҷро шуд

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон рӯзи 2-юми ноябр хабар дод, ки дар моҳи аввали даъвати тирамоҳӣ беш аз 97 дарсади нақшаи даъвати сарбозон ба артиш иҷро шудааст.

Тоҷикистон 100 миллион доллар аз САСР қарз гирифт

Тоҷикистон бахши аввали қарзи 200-миллиондолларии Сандуқи авруосиёии суботу рушд (САСР)-ро дарёфт кард.