5.9 C
Dushanbe

Оғоз ба кори дипломатҳои Толибон дар Эрон

Расонаҳо иттилоъ медиҳанд, ки Ҷумҳурии исломии Эрон дархости се намояндаи Толибон ба кор дар сафорати Афғонистон дар Теҳронро қабул кардааст.

Бино ба иттилои бахши форсии ББС, се дипломати Толибон ба сафорати Афғонистон дар Эрон рафтаанд ва давлати Эрон “агармон” (дархости пазириш)-и онҳоро қабул кардааст.

Ба гуфтаи ин манбаъ, “як нафар аз ин дипломатҳо дабири савум ва ду нафари дигар корманди оддӣ ҳастанд ва то кунун сарпарсатии сафорати Афғонистон дар Теҳрон ҳамчунон ба уҳдаи сафири муаррифӣ шуда, аз сӯи давлати пешин аст, ки баъди суқути ҳукумати қаблӣ ба фаъолияти худ идома додааст.”

Ин ҳам дар ҳолест, ки бархе расонаҳои эронӣ теъдоди дипломатҳои амалкунандаи Толибон дар сафорати Афғонистон дар Теҳронро як нафар гуфтаанд ва он ҳам дар мақоми “секретари сеюм” кор мекардааст.

Саид Хатибзода, сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Эрон ҳам дар вокуниш ба ин хабар гуфтааст, ки “рафту омади дипломатҳо миёни ду кишвар бар асоси конвенсиюнҳои байналмилалӣ амре оддӣ аст ва рабте ба шиносойии ҳайъатҳои ҳокимаи ҷадиди Афғонистон ва мавзӯъҳои дигар надорад.

Дар раванди эътирофи Толибон дар минтақа Тоҷикистон танҳо кишваре аз ҳамсояҳои Афғонистон аст, ки то кунун намояндаҳои Толибонро ба кор дар сафорати Афғонистон дар Душанбе қабул накардааст.

Гуфта мешавад, бо гузашти 8 моҳ аз дубора сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон то кунун ҳеч кишваре ҳукумати сарпарасти онҳоро расман эътироф накардааст, аммо Русия ва тамоми ҳамсоҳояи Афғонистон ба истиснои Тоҷикистон диполматҳои Толибонро барои кор дар сафоратхонаҳои Афғонистон қабул кардаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Орзуи бозигарии минтақа дар ҷомаи “ҳомии тоҷикони ҷаҳон”

Бо сарнагун шудани ҳукумати Ашраф Ғанӣ ва омадани Толибон ба сари қудрат дар Афғонистон мақомоти Тоҷикистон мавқеи шадид ва оштинопазири худро бар зидди ҳукумати Толибон эълон карданд.

Консулгарии Толибон дар шаҳри Хоруғ баста шуд

Бино ба иттилои расонаҳои афғонистонӣ, консулгарии Толибон дар шаҳри Хоруғи Тоҷикистон баста шудааст.

Як паноҳҷӯ аз Фаронса ихроҷ ва дар Тоҷикистон зиндонӣ шуд

Паноҳҷӯи тоҷик Парвиз Зоиров, ки моҳи октябри соли ҷорӣ аз Фаронса ба Тоҷикистон ихроҷ шуда буд, ба 13 соли зиндон маҳкум шуд.

Ба сабаби туман парвозҳо аз фурӯдгоҳи Душанбе боздошта шуданд

Парвози ҳавопаймоҳо дар Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе ба хотири номусоид будани обу ҳаво муваққатан боздошта шуданд.