Музокироти вазирони хориҷии Русия ва Украина дар Анталия
Имрӯз 10-уми март аввалин музокироти вазирони корҳои хориҷии Русия ва Украина дар Анталияи Туркия бо ҳузури вазири корҳои хориҷии кишвари мизбон Довуд Човушуғлу оғоз шуд. Акс: ИнтернетАкс аз хабаргузории “Anadolu” Тавре расонаҳои туркӣ хабар медиҳанд, субҳи имрӯз 10-уми март нишасти сеҷонибаи вазирони корҳои хориҷии Туркия, Русия ва Украина, ки бо миёнҷигарии Туркия дар Анталия баргузор […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Имрӯз 10-уми март аввалин музокироти вазирони корҳои хориҷии Русия ва Украина дар Анталияи Туркия бо ҳузури вазири корҳои хориҷии кишвари мизбон Довуд Човушуғлу оғоз шуд.
Акс: ИнтернетАкс аз хабаргузории “Anadolu”
Тавре расонаҳои туркӣ хабар медиҳанд, субҳи имрӯз 10-уми март нишасти сеҷонибаи вазирони корҳои хориҷии Туркия, Русия ва Украина, ки бо миёнҷигарии Туркия дар Анталия баргузор мегардад, оғоз шуд.
Ин нахустин мулоқоти вазирони хориҷаи Русия ва Украина аз замони оғози амалиёти низомии Русия дар Украина аст.
Бино ба иттилои расонаҳои туркӣ, нишасти сеҷониба ҳудуди якуним соат идома карда, аммо ҷонибҳо ба чӣ тавофуқ расиданд ва натиҷаи ниҳоии нишаст чӣ шуд, то ҳол пурра эълон нашудааст.
Қаблан се даври музокироти Русия ва Украина дар марзи Беларусу Украина баргузор шуда буд, ки аксаран бенатиҷа буданд. Дар вохӯрии ахир ҷонибҳо дар бораи ташкили долонҳои башардӯстона барои берун кардани ғайринизомиён аз майдони даргирӣ ба мувофиқа расиданд, вале дар чанд маврид тибқи қарордод амалӣ нашуд.
Рӯзи 24 феврал бо дастури раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар Украина амалиёти низомӣ оғоз шуд. То имрӯз беш аз 2 миллион нафар ба кишварҳои ҳамсоя паноҳанда шуда, қисми зиёде дар дохили Украина банд мондаанд.
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Омор
Захира ё дастрасии техникӣ барои мақсади қонунии фаъол кардани хидмати мушаххас, ки корбар ошкоро дархост кардааст, ё танҳо барои интиқоли иттилоот тавассути шабакаи иртиботи электронӣ ҳатмист.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.