Дар якум рӯзи оғози “облава”-и баҳорӣ Бадахшон нақшаро иҷро кард

Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон аз имрӯз, 1-уми апрел даъвати ҷавонон ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ дар Тоҷикистон шуруъ шуд. Дар чанд соати рӯзи аввал ВМКБ, Рашту Фархор нақшаро комилан иҷро карднд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, тибқи фармони Президент даъвати навбатии ҷавонони аз 18 то 27-сола, ба хидмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар оғоз гардида, то охири моҳи май идома мекунад.

Ба навиштаи расонаи ҳукуматии “Ховар”, дар рӯзи аввал нақшаи даъват ё “облава”-и баҳориро ноҳияи Фархор, ноҳияҳои минтақаи Рашт ва ҳатто 8 шаҳру ноҳияи ВМКБ пурра иҷро кардаанд.

Нақшаи даъвати ҳатмии ҳарбиро ноҳияҳои Сангвору Лахш 100%, Тоҷикобод 105 %, Нуробод 101% Рашт 100,7 % ва ВМКБ 102,5%  иҷро кардаанд.

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар рӯзҳои аввал анҷом шудани нақшаи даъватро дар баъзе шаҳру ноҳияҳои кишвар ба “зиёд будани шумораи ҷавонони ихтиёрӣ ва фаъолияти хубу назарраси комиссияҳои даъватӣ” рабт додааст, аммо таҳлилгарон чизи дигар мегӯянд.

Даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳар сол ду маротиба: дар баҳор аз 1-уми апрел то 31-уми май ва тирамоҳ аз 1-уми октябр то 30-уми ноябр идома мекунад. Аммо Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта буд, ки ба анҷом расидани муҳлати ҷалби ҷавонон ба артиш, комиссариатҳои ҳарбии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо то оғози маъракаи навбатӣ даъватшавандагонро ба хидмати ҳарбӣ ҷалб мекунанд.

Маҳмадализода тамоми сол ҷалб шудани ҷавонон ба артишро ба омодагии пешакии ҳарбӣ қабл аз адои хидмати дусолаи сарбозӣ рабт дода буд.

Таҳлилгарон дар рӯзҳои аввал иҷро шудани нақшаи даъватро дар баъзе шаҳру ноҳияҳо ба ҳамин  қарори охире, ки ҷавон тамоми сол ба артиш ҷалб мешаванд, рабт медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки 29-уми январи соли 2021 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” дар тарҳи нав қабул карда шуд.

Агар дар гузашта, шаҳрвандоне, ки донишгоҳу донишкадаҳоро бо кафедраҳои ҳарбӣ хатм менамуданд, аз хидмати ҳатмии ҳарбӣ озод буданд ва ба онҳо рутбаи афсари хурди таҳмовар (младший лейтенант) дода мешуд, аммо тибқи тарҳи нави қонун баъди 12 моҳи хидмати ҳарбӣ ба онҳо ин рутбаро медиҳанд.

Ҳамчунин тибқи тарҳи нави ин қонун ҷавонон метавонанд бо пардохти 26ҳазору 880 сомонӣ аз хидмат озод шаванд.

Мавзуи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон солҳо боз доғ мемонад. Ҳамасола дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ чандин нафар шиканҷа ва бар асари он ҷон медиҳанд. Ҳатто ҳолатҳои гум шудани афсарон низ вуҷуд дорад. Бештари ҷавонони тоҷик аз сабаби бад будани шароити хидмат аз артиш мегурезанд ва мақомот бо тарзи маҷбурӣ ё “облава” ҷавононро ба артиш сафарбар мекунанд, ки ин амали мақомдорон ҳамеша дар ҷомеаи Тоҷикистон мавриди баҳс қарор дорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Бунёди роҳҳо бо қарз: Тоҷикистон барои бозсозии роҳ дар ВМКБ боз $30 млн қарз гирифт

Тоҷикистон барои бозсозии роҳи Рӯшон — Варзеш дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарзи нав ҷалб мекунад.

Нигаронии Душанбе ва Маскав аз вазъи Афғонистон

Русия ба Тоҷикистон дар робита ба авзои ахири амниятӣ дар Афғонистон ва инчунин бораи таъмини амнияти марзҳо итминон дод.

Истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои ноболиғон дар Тоҷикистон маҳдуд мешавад?

Эмомалӣ Раҳмон бо нигаронӣ аз афзоиши истифодаи телефонҳои ҳушманд ва шабакаҳои иҷтимоӣ миёни ноболиғон пешниҳод кард, ки ин масъаларо мақомот баррасӣ кунанд.

Дар 29 сол 29 ҳазор мутахассис бо квотаи президентӣ: чандтои онҳо сари коранд?

Аз соли 1997 то имрӯз 29 ҳазор донишҷӯ тариқи квотаи президентӣ пас аз хатми мактаби миёна ба донишгоҳҳои давлатӣ шомил шудаанд.