Кумитаи миллии Олимпӣ сабаби иштирок накардани намояндаҳои Тоҷикистон дар Бозиҳои замистонаи олимпӣ ва дигар мусобиқаҳои байналмилалиро ҳамагир шудани коронавирус дар дунё гуфта ва ба қавли “Азия Плюс” дар “хадамоти матбуоти кумита изҳор намуданд, ки ҳеҷ кадоме аз варзишгарони тоҷик натавонист, ки иҷозатномаи иштирокро ба даст орад.“
Акнун маълум мешавад, ки вақте Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз ҷойгоҳи Президенти Кумитаи миллии олимӣ гап зада буд, маълумоти кофӣ дар даст надошт ва ё ин, ки он изҳороти раиси КДАМ хашми Эмомалӣ Раҳмонро ба вуҷуд овард ва ҳамчун Презинденти Кумитаи миллии олипӣ дастур дод, ки ҳеч кас дар Бозиҳои замистонаи олимпӣ ширкат накунад.
Ёдовар мешавад, ки пас аз ҳодисаҳои ахири Хоруғ ва ба дунболи он халалдор шудани суботу оромии мардум дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки пушти ҳамаи онҳо раиси КДАМ Саймумин Ятимов қарор дорад ва бо гузашти 2 моҳ мақомот натавонистаанд, ки ба натиҷаи дилхоҳи худ бирасанд, Эмомалӣ Раҳмонро сахт нороҳат кардааст.
Ба дунболи ҳодисаҳои Бадахшони Тоҷикистон оғози нооромиҳои Қазоқистон ва чаппа кардани ҳайкали собиқ президенти он кишвар ва “пешвои миллат”-и қазоқҳо ва сипас маҳрум кардани вай аз тамоми мақомҳо ва имтиёзҳояш низ сахт Эмомалӣ Раҳмонро зери таъсир қарор додааст. Зеро Эмомалӣ Раҳмон сиёсати пешвоияшро аз Нурсултон Назарбоев нусхабардорӣ карда буд ва ҳар ду бо чашмони худ диданд, ки дар ин амр сахт иштибоҳ кардаанд.
Инчунин аз замони баргузории референдум дар соли 2016 инҷониб Эмомалӣ Раҳмон мехоҳад қудратро ба яке аз фарзандонаш Рустам ва ё Озода таҳвил диҳад, аммо аз як сӯ авзои минтақа ва аз сӯи дигар вуҷуди афроде чун Саймумин Ятимов, Рамазон Раҳимзода, Юсуфи Раҳмон ва ғайра дар раъси ниҳодҳои қудратӣ ба вай дар анҷоми ин ҳадафи худ халал мерасонанд ва бо гузашти беш аз панҷ сол наметавонад коре кунад.
Аммо ин дафъа ҳам вақте Раиси КДАМ фаротар аз мақом ва салоҳиятҳояшро по гузошта гуфт, ки Ҷониби Тоҷикистон аз Пекин барои баргузории бехатар ва муваффақонаи Бозиҳои олимпӣ пуштибонӣ мекунад” Ва афзуд, ки “Варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Пекин, ки 4 феврал оғоз мегардад, иштирок мекунанд.” Эмомалӣ Раҳмон на танҳо аз ин изҳорот нороҳат, балки ба назар мерасад эҳсоси хатар ҳам кард.
Эмомалӣ Раҳмон дар муддати наздик ба се даҳаи раҳбариаш дар Тоҷикистон ҳамеша ба рақибон ва қудратталабон дар миёни атрофиёнаш ба бераҳмии комил муносибат карда, то тавонистааст онҳоро аз худ ва ҳукуматаш дур андохтааст.
Гуфта мешавд, Бозиҳои миллии олимпӣ дар Пекин 4 то 20-уми феврали соли 2022 баргузор гардида, варзишкорони дунё дар 109 мусобиқа барои дарёфти 109 медали тиллои олимпӣ ва дигар медалу мақомҳо байни ҳам қувваозмоӣ хоҳанд кард.
Аммо ин бозии хатарнок байни Раиси КДАМ ва Президенти Кумитаи миллии Олимпӣ ва ҳамзамон Президенти Тоҷикистон бар суду зиёни шахси аввал ва ё нафри дуюм анҷом мешавад, вақт довар аст.
Мо барои беҳтар кардани таҷрибаи шумо ва фаҳмидани тарзи истифодаи сайт кукиҳоро истифода мебарем. Шумо метавонед розӣ шавед ё рад кунед. Рад кардан метавонад баъзе имкониятҳоро маҳдуд кунад.
Functional
Always active
The technical storage or access is strictly necessary for the legitimate purpose of enabling the use of a specific service explicitly requested by the subscriber or user, or for the sole purpose of carrying out the transmission of a communication over an electronic communications network.
Preferences
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Statistics
The technical storage or access that is used exclusively for statistical purposes.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.
Marketing
The technical storage or access is required to create user profiles to send advertising, or to track the user on a website or across several websites for similar marketing purposes.