Оё то поёни соли 2020 нерӯҳои низомии Амрико аз Афғонистон хориҷ мешаванд?

Сурат: www.defense.gov

Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, ки нерӯҳои амрикоии мустақар дар Афғонистон то охири ҳамин сол ба ИМА бармегарданд. Дар ин бора худи Доналд Трамп дар саҳифаи Твиттераш хабар дод.

“Чанд нафари боқимондаи мардон ва занони ҷасури мо, ки дар Афғонистон хидмат мекунанд, бояд то соли нав ба хона баргарданд”, – навиштааст президент Трамп дар ин паёмаш.

Чанд соат пештар аз паёми Доналд Трамп, мушовири амнияти миллии ИМА Роберт О’Брайен изҳор дошт, ки шумораи сарбозони амрикоӣ, ки дар Афғонистон мустақаранд, то аввали соли 2021 то 2500 коҳиш дода мешавад.

Оқои О.Брайен рӯзи чаҳоршанбе гуфт, ки дар ҳоли ҳозир дар Афғонистон камтар аз 5 ҳазор сарбози амрикоӣ ҳузур доранд, дар ҳоле, ки ҳангоми ба қудрат расидани Доналд Трамп дар соли 2017 беш аз 10 ҳазор нерӯҳои низомӣ вуҷуд дошт.

Бозпас гардонидани нерӯҳои низомии амрикоӣ аз кишварҳои ҷангзада, ба мисли Афғонистон ва Ироқ, яке аз ваъдаҳои Трамп дар барномаи пешазинтихоботияш дар соли 2016 дар Амрико буд ва акнун, ки ҷаноби Трамп дубора номзад аст, талош мекунад, ки ин ваъдаро иҷро кунад.

Президент Трамп ба хуруҷи нерӯҳои боқимондаи амрикоӣ аз Афғонистон исрор варзида гуфт, ки тибқи Созишномаи сулҳи ИМА ва Толибон, ҳамаи сарбозони хориҷӣ бояд то моҳи майи соли 2021 Афғонистонро тарк кунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.