7.9 C
Dushanbe

Ҷоизаи байналмилалии Манучеҳр Холиқназаров

Ҳуқуқшиноси шинохтаи зодаи Бадахшон ва зиндонии сиёсӣ Манучеҳр Холиқназаров барандаи ҷоизаи бонуфузи Мартин Энналс гашт.

Бунёди ҳуқуқи башарӣ ба номи Мартин Энналс 19-уми ноябри соли ҷорӣ эълом кард, ки ҳамроҳ бо Холиқназаров ин ҷоизаро Жолиа Порсӣ, омӯзгор аз шаҳри Кобул, ки борҳо алайҳи маҳдудиятҳои ҷорикардаи Толибон болои занон эътироз карда буд, ба даст овардааст.

Намоянагони ин созмон мегӯянд, ин ду нафар “бо вуҷуди кор дар муҳити саркӯбгарона, ҷасорати истисноӣ ва қатъият нишон доданд ва ҳифзи ҳуқуқи инсонро дар мадди аввал гузоштанд.”

Ҷоиза рӯзи 21-уми ноябр дар шаҳри Женеваи Швейтсария дар ҷамъомаде, ки ба муносибати сисолагии таъсиси ин созмони ҳомии ҳуқуқи башар баргузор мешавад, ба барандагонаш супорида мешавад.

Манучеҳр Холиқназаров дар Тоҷикистон бо иттиҳомоти сохта равонаи зиндон гаштааст, аммо маълум нест Толибон ба хонум Порсӣ иҷозаи сафар Швейтсарияро медиҳанд ё на.

Ҷоизаи Мартин Энналс, ки ба номи фаъоли маъруфи ҳуқуқи башар ва аввалин Дабири кулли “Авфи Байналмилал” гузошта шудааст, ҳамасола барои ҷасорати истисноӣ ва равишҳои навоварона дар мубориза бо нақзи ҳуқуқи башар дода мешавад. Ин ҷоиза соли 1993 таъсис ёфта, онро ҷоизаи Нобел дар бахши ҳуқуқи башар меноманд.

Гуфта мешавад, ки Манучеҳр Холиқназаров то замони боздошташ раиси Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир, яке аз камшумортарин созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буд, ки аз ҳуқуқи сокинон ҳимоят мекард.

Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 25-28 ноябри соли 2021 дар шаҳри Хоруғи ВМКБ пас аз кушта шудани Гулбиддин Зиёбеков эътирозҳои оммавӣ сар зад. Пас аз ин “Комиссияи 44”, ки аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои қудратии маҳаллӣ иборат буд, барои таҳқиқи ҳодисаҳо ташкил шуд ва Манучеҳр Холиқназаров шомили он гашта буд.

Аммо дар моҳи майи соли 2022 мақомоти Тоҷикистон эътирози осоиштаи сокининони Бадахшонро дар Хоруғу Рӯшон саркӯб карда, даҳҳо нафарро ба қатл расонда ва даҳҳо нафари дигарро бо иттиҳомҳои сохта равонаи зиндон карданд. Аз ҷумла, аксар аъзои “Комиссияи 44” бо шумули Манучеҳр Холиқназаров боздошту равонаи зиндон гардиданд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 9-уми декабри соли 2022 ин вакили дифоъро бо иттиҳоми “узвият дар гурӯҳҳои ҷиноӣ” ва “ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ” паси дарҳои баста ба 16 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Истеъфои як мақомдори баландпояи амрикоӣ дар эътироз ба ҷанг алайҳи Эрон

Директори Маркази миллии зиддитеррористии ИМА Ҷозеф Кент 17-уми марти соли ҷорӣ ба сабаби ворид шудани Амрико ба ҷанг алайҳи Эрон аз вазифаи худ истеъфо дод.

Ихроҷи муҳоҷирон дар Русия бештар мешавад?

Ҳукумати Русия лоиҳаи қонуни наверо омода кардааст, ки сиёсати муҳоҷиратиро дар ин кишвар ба таври ҷиддӣ сахттар мекунад.

Исроил мегӯяд, Алӣ Лориҷонӣ дар пайи як ҳамла кушта шудааст

Артиши Исроил эълон кард, ки Алӣ Лориҷонӣ, Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эронро дар як ҳамлаи ҳавоӣ ҳадаф қарор додааст.

Шӯрои уламои Тоҷикистон рӯзи баргузории Иди Фитрро эълон кард

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи 17-уми март дар ҷаласаи навбатии худ рӯзи баргузории Иди саиди Фитрро эълон кард.