Ҷамъе аз тоҷикони муқими Олмон барои баргузории як гирдиҳамоии бузург дар шаҳри Дортмунди Олмон фарохони умумӣ эълон кардаанд. Акс: Интернет Имрӯз, 14-уми феврали соли 2023, ҷамъе аз фоъолони сиёсии тоҷик дар Аврупо ҳамроҳ бо ҳамтоёни олмонии худ бо эълони як фарохони умумӣ барои баргузории гирдиҳамоӣ аз тамоми тоҷикони муқими кишварҳои аврупоӣ хостаанд, ки бо онҳо […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Ҷамъе аз тоҷикони муқими Олмон барои баргузории як гирдиҳамоии бузург дар шаҳри Дортмунди Олмон фарохони умумӣ эълон кардаанд.
Акс: Интернет
Имрӯз, 14-уми феврали соли 2023, ҷамъе аз фоъолони сиёсии тоҷик дар Аврупо ҳамроҳ бо ҳамтоёни олмонии худ бо эълони як фарохони умумӣ барои баргузории гирдиҳамоӣ аз тамоми тоҷикони муқими кишварҳои аврупоӣ хостаанд, ки бо онҳо ҳамроҳ шаванд.
Дар матни ин фархони гирдиҳмоӣ омадаст, ки: “Гуруҳе аз дӯстони Абдуллоҳи Шамсиддин тасмим гирифтанд, рӯзи панчшанбе 16 феврал аз соати 15:00 то 17:00 дар назди Идораи кор бо хориҷиёни шаҳри Дортмунди Олмон пикет (гирдихамоӣ) баргузор кунанд.”
Акс: Интернет
Ташкилкунандаҳои ин гирдиҳамоии эътироз таъкид мекунанд: “Мо аз тамоми дӯстон ва тоҷикони муқими Аврупо дават мекунем, то дар ин маросим ширкат ба амал оваранд.”
Аз замони боздошти фаъоли сиёсии тоҷик Абдуллоҳои Шамсиддин ва ихроҷи ӯ аз Олмон ба Тоҷикистон то кунун дасти кам чор маротибаи дигар ҳам дӯстону ҳамкорон ва дигар фаъолони сиёсӣ барои озодии ӯ чунин ҳамоишҳои эътирозиеро дар Олмон баргузор карда буданд.
Акс: Интернет
Ҳафтае пеш Ҳизби сабзҳои Олмон дар ин қазия ҳамроҳ шуда, бо баргузории як иқдоме барои ҷамъоварии имзоҳои адолатхоҳӣ барои Абдуллоҳи Шамсиддин гуфта буд, ки ин қазияро ба парлумони Олмон ва сипас дар сатҳҳои болоии давлат ҳам матраҳ хоҳад кард.
Гуфта мешавад, мақомоти Олмон Абдуллоҳи Шамсиддинро моҳи сентбяри соли 2022 ба далели исбот надоштани ҳуҷҷати иқомат аз хонааш боздошт ва 18-уми январи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ихроҷ карданд. Мақомоти Тоҷикистон билофосила аз дохилаи ҳавопаймо ӯро боздошт карда, ба ҷои номаълум интиқол доданд ва то ҳол дар бораи макони буду бошаш хабар надодаанд.
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Омор
Захира ё дастрасии техникӣ барои мақсади қонунии фаъол кардани хидмати мушаххас, ки корбар ошкоро дархост кардааст, ё танҳо барои интиқоли иттилоот тавассути шабакаи иртиботи электронӣ ҳатмист.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.