Олмон: Марди 101-сола ба 5 соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳе дар Олмон як пирамарди 101-соларо ба далели иҷрои вазифаи сарбозӣ кардан дар яке аз урдугоҳҳои корҳои иҷборӣ дар замони ҷанги дувуми ҷаҳонӣ ба 5 соли зиндон маҳкум кард.

Ба гузориши ББС, додгоҳи иёлати Бранденбурги Олмон Йозеф Швейтси 101-соларо барои иртибот бо лагерҳои корҳои иҷборӣ дар замони Олмони фашистӣ ба панҷ соли зиндон маҳкум кард. Ин давраи зиндон сахттарин ҷазо барои ин навъи ҷиноят маҳсуб мешавад.

Ҷозеф Швейтс куҳансолтарин нафарест, ки дар замони ҳукмронии фашистон дар Олмон барои қатли маҳбусон, бахусус яҳудиён, муҷозот ва маҳкум шудааст.

Ӯ дар давраи Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ дар яке аз лагерҳои корҳои иҷбории Заксенхаузен ҳамчун сарбоз адои вазифа карда буд. Вай ба даст доштан дар куштор ва ҳабси 3500 нафар дар байни солҳои 1942 ва 1945 муттаҳам шудааст.

Додситонӣ дархост карда буд, ки ӯ ба панҷ соли зиндон маҳкум шавад. Ҷаноби Швейтз дар дифоъи худ гуфт, ки ҳамчун сарбозе, ки барои посбонии урдугоҳ фиристода шуда буд, наметавонад дар куштор масъул бошад, аммо ба гуфтаи додситонӣ, ӯ дидаву дониста ва ихтиёран дар ин урдугоҳ посбонӣ мекард ва дар натиҷа шарики ҷурм шинохта мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Амрико вориди рақобат бо Чин дар ОМ мешавад. Баранда кист?

Амрико барои манофеаш вориди бозии нав дар ОМ шуданист. Оё кишварҳои минтақа метавонанд аз ин фурсати таърихӣ ба нафъи худ истифода кунанд ва худро аз султаи Русия раҳо кунанду зери султаи дигаре нараванд?

Ҷосусӣ тавассути реклама: дастгоҳҳои “Ал-Ҷазира” ҳадаф қарор гирифтанд

Пажӯҳишгоҳи Citizen Lab ошкор кардааст, ки рекламаҳои интернетӣ барои олуда кардани дастгоҳҳои кормандони “Ал-Ҷазира” ба ҷосусафзор истифода шудаанд.

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.