Омили террори генерали рус аз муҳоҷирони Осиёи Марказӣ будааст

Мақомоти Русия аз боздошти як шаҳрванди узбекистонӣ хабар доданд, ки дар террори генерли 54-солаи рус гумонбар мешавад.

Хадамоти амнияти федеролии Русия рӯзи чоршанбе, 18-уми декабр эълом кард, ки омили қатли генерал-лейтенанти нерӯҳои радиатсионӣ, химиявӣ ва биологӣ Игор Кирилловро дастгир кардааст. Ба гузориши хабаргузории давалатии ТАСС, ин нафар шаҳрванди 29-солаи Узбекистон аст.

Ин ниҳод мегӯяд, сервиси амниятии Украина ин фардро барои террори генерал гумошта буд ва бо ваъдаи маблағи 100 ҳазор доллар ва зиндагӣ дар яке аз кишварҳои аврупоӣ ба чунин кор даст задааст.

Хадамоти амниятии Русия аз он ҷавон наворе низ нашр кардааст, ки ӯ мегӯяд: “Ман бо фармони хадамоти махсуси Украина ба Маскав омадам ва пас аз омадан самакат (скутер) харидам ва баъд аз чанд моҳ дар он бомб ҷогузорӣ карданд ва ҳама омода шуд, сипас онро дар назди хонаи генерал гузоштам ва вақте ӯ назди хона буд, онро аз дур таркондам.”

Ин ҷавони узбекистонӣ дар навори эътирофаш мегӯяд, ин корро ба хотири он кардааст, ки Хадамоти амниятии Украина дар ивази ин кор барояш “100 ҳазор доллар ва шиносномаи яке аз кишварҳои аврупоӣ“-ро пешниҳод карданд.

Аз навори бозпурсӣ маълум аст, ки ҷавон пеш аз эътироф мавриди зарбу лат қарор гирифтааст. Аммо бархе коршиносон даст доштани ҷавони муҳоҷирро дар ин кор баъид медонанд. Чун қаблан ҳам дар ҳодисаи “Крокус Сити” дида шуд, ки барои эътироф гирифтан аз шаҳрвандони тоҷик чӣ гуна онҳоро латтукӯб карда буданд, ки баъзе онҳо ҳатто дар ҳолати беҳушӣ ба додгоҳ оварда шуданд. Аз ин рӯ, коршиносон эътироф гирифтани мақомоти Русияро аз ҳисоби муҳоҷирон шубҳанок медонанд.

Аммо мақомоти Узбекистон то ҳол ин мавзуро рад ва ё тасдиқ накардаанд. Танҳо ба хабаргузории ТАСС аз Кумитаи давлатии амнияти ин кишвар гуфтаанд, ки “Кормандони Кумита дар ин росто фаъолият бурда истодаанд, аммо феълан аз изҳори назари бештар худдорӣ мекунем.”

Ёдовар мешавем, ки субҳи 17-уми декабр генерал-лейтенанти нерӯҳои радиатсионӣ, химиявӣ ва биологӣ Игор Кириллов бар асари таркиши бомби аз пеш ҷогузоришуда дар назди хонааш кушта шуд.

Тибқи маълумоти пешакӣ, маводи тарканда дар дохили як “самокат”-и барқӣ ҷогузорӣ шуда, он шабона, тақрибан соатҳои 2-3 аз ҷониби шахси номаълум назди даромадгоҳи бинои истиқоматиии ӯ дар хиёбони Рязанскийи шаҳри Маскав гузошта шуда буд.

Тибқи маълумоти мақомоти дахлдори Русия, омилони ин террор тавассути дурбинҳои назоратӣ маҳалли ҳодисаро назорат карда, вақте диданда, ки генерал ва ронандааш дами дари даромадгоҳ расиданд, аз роҳи дур самокатро тарконданд.

Мақомоти Русия ин ҳодисаро ба дӯши сервиси амниятии Украина гузоштаанд, аммо мақомоти Украина ва ҳам Амрико дар пушти ин кор будани худро рад карданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қоидаи нави вуруд ба Қазоқистон: QazETA барои шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳатмӣ мешавад

Қазоқистон аз тобистони соли 2027 барои аксари шаҳрвандони хориҷӣ иҷозатномаи электронии вуруд (QazETA)-ро ҳатмӣ мекунад.

Олмон аз сарнавишти Асадулло Бобоев хабар надорад

Чаҳор моҳ пас аз истирдоди Асадулло Бобоев аз Олмон, ҳукумати ин кишвар дар посух ба дархости вакилон гуфтааст, ки дар бораи боздошт ва парвандаи ҷиноятии ӯ дар Тоҷикистон маълумот надорад.

Русия квотаи иқомати муваққатии хориҷиён (РВП)-ро боз кам кард

Ҳукумати Русия квотаи иҷозаи иқомати муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷиро дар соли 2027 то 3010 адад коҳиш дод, ки ин нисбат ба соли ҷорӣ 792 адад, ё тақрибан 21 дарсад камтар аст.

Даромади буҷети Тоҷикистон барои соли 2027 муайян шуд

Ҳукумати Тоҷикистон даромади буҷети соли 2027-ро 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ кардааст, ки он 23,2 дарсад бештар аз буҷети тасдиқшудаи имсол мебошад.