Омори расмӣ: беш аз 250 кушта ва захмӣ дар ҳодисаҳои хунини марзӣ

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар натиҷаи муноқишаҳои мусаллаҳонаи ахири марзӣ беш аз 250 нафар тоҷикистонӣ кушта ва захмӣ шудааст.

13-уми октябри соли 2022 Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти Шӯрои вазирони хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иттиҳомоти ҷониби Қирғизистонро рад кардааст.

Раҳбари дастгоҳи диплумосии Тоҷикистон ҷониби Қирғизистонро ба “таҷовузи низомии қаблан тарҳрезишуда” алайҳи Тоҷикистон муттаҳам карда, ба ҳамтоёнаш аз кишварҳои узви ИДМ гуфтааст, ки “дар натиҷаи он беш аз панҷоҳ нафар кушта шуда, тақрибан дусад нафар мардуми осоишта ярадор шуданд.”

Бо вуҷуди он ки то ҳол мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон омори дақиқеро дар бораи талафоти ҷонӣ ва молӣ ва аз ҳар ду ҷониб ба мардум ироа накардаанд, вале пеш аз ин бархе расонаҳо, аз ҷумла Azda tv ва Радиои Озодӣ феҳристҳоеро дар бораи афроди кушташуда тартиб дода буданд, ки ахиран сомонаи Радиои Озодӣ низ номи 80 нафарро зикр карда буд.

Гуфта мешавад, бо гузашти наздик ба як моҳ аз муноқишаҳои хунини манотиқи наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамоно ҳеч яке аз тарафҳо эътироф накардааст, ки барои оғози ин ҳамлаҳо ва шиддат бахшидан ба низоъҳои мусаллаҳона аз пеш нақша кашида, омодагӣ дидааст, балки ҳамеша ҳар ду ҷониб аз минбарҳои мухталиф якдигарро бо оғози ҷанг муттаҳам мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қирғизистон 170 хонаи аз Тоҷикистон гирифтаашро ба сокинон тақсим мекунад

Қирғизистон 170 хонаеро, ки аз Тоҷикистон гирифта буд, ба сокинонаш тақсим мекунанд.

Ҳукми абади ду нафар барои қатли Маннон Содиқов

Додгоҳи вилояти Суғд ду сокини шаҳри Исфараро бо иттиҳоми қатли узви пешини ҲНИТ ба ҳабси умрбод маҳкум кард.

Ҳамла ба полойишгоҳи бузурги Русия дар пасманзари камбуди сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин полойишгоҳҳои Русия дар шаҳри Киришии вилояти Ленинград мавриди ҳамлаи паҳподӣ қарор гирифта, дар он оташсӯзӣ рух дод.

Дар Самара пардохтҳои муҳоҷирон зиёд мешавад: акнун барои фарзандон ҳам маблағ месупоранд

Думаи вилояти Самараи Русия тағйиротеро қабул кардааст, ки аз соли 2027 афзоиши пардохтҳои муҳоҷирон ва пардохти иловагӣ барои фарзандони ҳамроҳашонро пешбинӣ мекунад.