Омск: нархи патенти муҳоҷирон гарон мешавад

Парлумони минтақаи Омск Лоиҳаи қонун дар бораи таъсиси коэффисиенти минтақавии бозори меҳнат барои соли ояндаро қабул кард, ки тибқи он нархи иҷозатномаи корӣ барои муҳоҷирон гаронтар мешавад.

Бино ба маълумоти Оҷонсии иттилоотии назди Ҳукумати вилояти Омск, рӯзи 21-уми октябр вазири иқтисоди минтақа, Анна Негодуйко гуфт: “Ин коэффитсиент ҳамасола қабул мешавад ва ин имкон медиҳад, ки сарбории ҳаҷми андози шаҳрвандони хориҷиро ба мизони наздик ба андози шаҳрвандони Русия муайян кунанд.”

Гуфта мешавад, дар соли 2022 коэффисиенти минтақавии бозори меҳнат нисбат ба соли 2021 7% афзоиш меёбад, ки мутаносибан боиси гароншавии арзиши патент барои муҳоҷирони корӣ мегардад, ва он ба шаҳрвандони Украина, Узбекистон, Тоҷикистон ва Озарбойҷон дахл дорад.

Инчуни мақомоти Омск қайд мекунад, ки дар ҳоли ҳозир (соли 2021) дар як моҳ арзиши патенти корӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ 3890 рубл аст ва дар соли 2022 нархи он зиёда аз 4 ҳазор рублро ташкил хоҳад дод.

Бино ба гуфтаи вазорати иқтисоди Русия дар соли 2022 даромад аз фурӯши патент ба муҳоҷирони корӣ ҳудуди 90 миллион рублро ташкил хоҳад дод.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Русия мехоҳад аз соли 2027 кори муҳоҷиронро дар таксӣ маҳдудтар кунад

Мақомоти Русия қасд доранд, ки аз соли 2027 кор кардани муҳоҷиронро дар таксӣ ва хаткашонӣ дар чанд минтақа боздоранд.

Дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, таъқибро бас кунад ва расонаҳо озод бошанд

Бритониё ва Норвегия дар нишасти ҳуқуқи инсон дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, фаъолияти озоди журналистонро таъмин карда, таъқибҳои дорои ангезаҳои сиёсиро қатъ кунад.

Ҳамлавари Краков баъди куштани 6 нафар дар беморхона фавтид

Рӯзи шанбе, 7-уми ноябр, дар маркази шаҳри Кракови Лаҳистон як ҳамлаи мусаллаҳона рух дод, ки дар натиҷаи он 6 нафар кушта шуда, 15 нафари дигар захмӣ шуданд.

Шикояти муштарӣ аз “Душанбе Сити Бонк”: ду соат интизорӣ барои як мушкили хурд

Рӯзи душанбе, 9-уми ноябр, як шаҳрванд дар саҳифаи фейсбукии худ аз сатҳи хидматрасонии "Душанбе Сити Бонк" шикоят кард.