22.9 C
Dushanbe

Ораз ва Рамзӣ аз Русия нопадид ва дар Тоҷикистон пайдо шуданд

Ораз ва Рамзӣ Вазирбековҳо фаъолони зодаи Бадахшон, ки рӯзи 29-уми июл соли 2022 аз фурӯдгоҳи Домодедовои Маскав нопадид шуда буданд, дар навори видеоие хабар доданд, ки дар Тоҷикистон дар назди мақомот қарор доранд.

Дар ин видео, ки рӯзи 31-уми июл дар шабакаҳои иҷтимоии наздик ба мақомоти тоҷик нашр шуд, онҳо мегӯянд, ки “ихтиёрӣ” ба Ватан баргаштаанд, то ба суолҳои мақомот дар робита ба ҳодисаҳои шаҳри Хоруғ посух диҳанд.

Ораз Вазирбеков дар ин видео мегӯяд “ман омода ҳастам, ки ба ҳамаи ин саволҳо ҷавоб диҳам ва агар гунаҳгор нестам, озод мешавам ва гашта меравам”.

То ҳол маълум нест, ки Ораз ва Рамзӣ Вазирбековҳо таҳти чӣ шароите ин наворро сабт кардаанд ва дар назди кадом ниҳоди интизомии кишвар қарор доранд.

Дар ҳамин ҳол Сабрина Отамбекова, ҳамсари Ораз Вазирбеков, рӯзи 1-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, шавҳараш аз Екатеринбург ба Маскав бармегашт, вале дигар аз фурӯдгоҳ берун нашуд.

Ҳамсари Ораз Вазирбеков мегӯяд, ки баъди нишастани ҳавопаймо дар фурӯдгоҳи Маскав бо шавҳараш суҳбат доштааст, аммо вақте дубора баъд аз 20 дақиқа ба ӯ занг мезанад, дигар Ораз телефонашро намебардорад. Хонум Отамбекова таъкид мекунад, ки шавҳараш нияти ба Тоҷикистон рафтанро надошт ва борҳо таъкид карда буд, ки агар рӯзе дар Тоҷикистон пайдо шуд, бояд ҳама донад, ки ба хоҳиши худаш барнагаштааст.

Наздикони Рамзӣ Вазирбеков низ бар ин боваранд, ки ӯ ихтиёрӣ ба Тоҷикистон нарафтааст ва навори нашршуда аз онҳо саҳнасозии мақомот аст.

Онҳо дар гузашта чанд маротиба гуфта буданд, ки ҷонашон дар хатар аст ва агар рӯзе дар Тоҷикистон пайдо шуданд, бояд ҳама донанд, ки дуздида ва маҷбурӣ ба Тоҷикистон бурда шудаанд.

Ораз ва Рамзӣ Вазирбековҳо фаъолони бадахшонӣ ҳастанд, ки дар шабаҳои иҷтимоӣ аз нақзи ҳуқуқи башар дар ВМКБ ошкоро мегуфтанд. Онҳо шаҳрвандии Русияро доранд.

То ҳол мақомоти Русия дар бораи чӣ тавр шаҳрвандони ин кишвар дар Тоҷикистон пайдо шудаанд, чизе нагуфтаанд.

Ба назари огаҳони умур дуздида ва ба Тоҷикистон бурда шудани Рамзӣ ва Ораз Вазирбековҳо аз ҷониби ниҳодҳои интизомии кишвар идомаи саркӯби озодандешӣ дар Тоҷикистон мебошад ва онҳое, ки аз Ҳукумати Тоҷикистон интиқод мекунанд, бояд дарҳол Русияро тарк ва ба ҷоёи амнтаре паноҳ баранд, чун мисли Ораз ва Рамзӣ Вазиребковҳо, Иззат Амон, Амриддин Аловатшоев, Мақсуд Иброҳимов ва чандин фаъоли дигар ихроҷ ё дуздида ба Тоҷикистон бурда, барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон мешаванд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

75 тонна кумаки башардӯстонаи Амрико ба Тоҷикистон

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Тоҷикистон зиёда аз 75 тонна кумаки озуқаворӣ ба маблағи беш аз 255 ҳазор доллар фиристод.

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо раиси порлумони Қирғизистон

Гурӯҳе аз намояндагони парлумони Қирғизистон ба Тоҷикистон сафар карда, бо намояндагони парлумони кишвар ва Эмомалӣ Раҳмон мулоқот карданд.

Тоҷикистону Русия масъалаи муҳоҷиронро дар Сочи баррасӣ карданд

Дар нишасте миёни намояндагони Тоҷикистону Русия пешниҳод шуд, ки муҳоҷирони тоҷик пеш аз сафар ба Русия аввал аз муоинаи тиббӣ гузаранд.

Даҳ сол пас аз боздошти раҳбарони ҲНИТ: Нигарониҳо, паёмадҳо ва умедҳо

Даҳ сол пеш дар ҳамин рӯз раҳбарони ҲНИТ аз ҷониби мақомот ва маъмурони Эмомалӣ Раҳмон боздошт гаштанд.