Бо сарнагун шудани ҳукумати Ашраф Ғанӣ ва омадани Толибон ба сари қудрат дар Афғонистон мақомоти Тоҷикистон мавқеи шадид ва оштинопазири худро бар зидди ҳукумати Толибон эълон карданд.
Ҳанӯз 2-юми сентябри соли 2021, замоне ки Толибон қариб тамоми Афғонистонро тасхир карда буданд ва ба охирин вилояти саркаш – ба Панҷшер ҳуҷумро оғоз карданд, Эмомалӣ Раҳмон Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳ Масъудро бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонид. Ин худ як ишораи равшан бар он буд, ки ҳукумати Тоҷикистон бо Толибон дӯстӣ карданӣ нест, балки ҳамеша мухолиф хоҳад монд.
Суханҳои минбаъдаи мақомоти Тоҷикистон ва шахсан раисҷумҳур низ равшану ошкор буд: Тоҷикистон ҳукумати Толибонро дар Афғонистон ба ҳеҷ ваҷҳ ба расмият шинохтанӣ нест. Мақомоти Тоҷикистон ҳамеша аз минбарҳои баланди дохилӣ ва созмонҳои ҷаҳонӣ Толибонро танқид мекард, иддао дошт, ки ин ҳукуматро қабул надорад ва бо садои баланд нигаронии ҷиддииро худро “оид ба ташкили ҳукумати ҳамашумул бо иштироки васеи нерӯҳои сиёсиву қавмии Афғонистон”, бахусус тоҷикони Афғонистон изҳор мекард.
Зиёда аз ин, Раҳмон тамоми созмонҳо ва кишварҳои ҷаҳонро даъват мекард, ки ба тақдири Афғонистон бетафовутӣ накунанд, зеро хоки кишвар метавонад ба “маркази терроризми ҷаҳонӣ” табдил ёфта, ба амнияти минтақа ва ҷаҳон таҳдиди ҷиддӣ намояд. Ба назари Раҳмон, вазъият дар Афғонистон пеш аз ҳама ба Тоҷикистон таъсири бевосита дорад.
Раҳмон дар чеҳраи Толибон ҳамчу як қувваи яроқбадасте, ки худро исломгаро медонад, хатари ҷиддиеро медид.
Бояд қайд кард, ки мавқеи шадиди Душанбе на танҳо дар вокуниш ба омадани Толибон ба сари қудрат дар кишвари ҳамсоя буду бас, балки мантиқ ва сиёсати дохилии ҳукумати Раҳмонро инъикос мекард. Ҳукумати Раҳмон чун анъана ба ҳар як қувваи исломгаро ҳамчун таҳдид ба сохтори давлаташ назар мекунад. Маҳз ҳамин мантиқи Раҳмон ва ҳукуматаш тасаввуреро дар онҳо пайдо кард, ки комёб шудани як ҳаракати исломгарои мусаллаҳ дар кишвари ҳамсоя метавонад дар дохили Тоҷикистон чунин ақидаву фикрҳоро эҷод намояд. Аз ин рӯй, мавқеи шадиди Раҳмон на танҳо ба хориҷи кишвар, балки ба даруни кишвар низ паёми возеҳ мефиристод, ки ҳар як чунин ҳаракату ақидаҳо ҷиддӣ гирифта шуда, вокуниш ба онҳо низ шадиду оштинопазир хоҳад буд.
“Ҳомии тоҷикони ҷаҳон” ва даъвоҳои популистӣ
Ҳамчунин, аз фурсати муносиб истифода бурда, Раҳмон хост худро “ҳомии тоҷикони ҷаҳон” муаррифӣ намояд. Маҳз бо ҳамин ҳадаф Тоҷикистон ба қувваҳои мухолифи Толибон, ки аксаран аз тоҷикони Афғонистон ташаккул ёфта буданд, муваққатан дар хоки Тоҷикистон паноҳгоҳ дод ва барояшон озодии комил дод, ки бар зидди Толибон фаъолияти сиёсӣ баранд.
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ки роҳбарияшро Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳ Масъуд ба уҳда дошт ва аз боризтарин мухолифони Толибон буд, дар Душанбе мустақар шуд.
Тоҷикистон яке аз ангуштшумор кишварҳое дониста шуд, ки расман аз мухолифони Толибон ҳимоя кард.
Бояд ба назар гирифт, ки истифодаи масъалаи “ҳомии тоҷикони ҷаҳон” будани Душанбе василае барои пешбурди манфиатҳои Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ низ буд. Дар пасманзари он ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба Афғонистон як ҳолати фазои номуайнӣ ҳукмрон буд ва роҳбарияти аксари кишварҳо намедонистанд бо ин воқеияти нав чӣ гуна муносибат кунанд, Раҳмон талош мекард Тоҷикистонро ба ҳайси бозигари калидӣ дар минтақа муаррифӣ кунад ва бо ин ӯ метавонад манфиатҳои як гурӯҳи муҳимеро дар минтақа, яъне тоҷикони Афғонистонро намояндагӣ намояд. Бо ин кор Раҳмон талош мекард диққати абарқудратҳо, аз ҷумла ИМА, Фаронса ва Ҳиндустон – кишварҳое, ки чун анъана бо Толибон душманӣ доранд, ба худ бештар ҷалб кунад.
Воқеан чунин ҳам шуд: аллакай моҳи октябри 2021 Раҳмонро ба Фаронса ва ноябри ҳамон сол ба Амрико даъват карданд.
Вале нақшаҳои Раҳмон амалӣ нагаштанд, зеро Тоҷикистон ҷуз садои баланд дигар чизе натавонист пешниҳод кунад – на кумаки ҳарбӣ ба тоҷикони Афғонистон ва на фишангҳои сиёсӣ барои фишор ба Толибон. Абарқудратҳо низ зуд дарк карданд, ки имкониятҳои ҳукумати Раҳмон дар ин самт умедворкунанда нестанд ва таваҷҷуҳи худро ба дигар тараф равона карданд. Ҳамин тавр, орзуҳои баландпарвозонаи Раҳмон дар бораи бозигари калидӣ шудан дар минтақа зуд фаромӯш шуд.
Тағйири сиёсатҳо ва ронда шудани мухолифон
Унвони болохонадори “ҳомии тоҷикони ҷаҳон” барои Раҳмон дер давом накард, зеро аллакай соли 2022 Аҳмад Масъуд ба Аврупо интиқол ёфт. Агарчи баъзе аз чеҳраҳои маъруфи тоҷикони Афғонистон ҳоло дар Душанбе буданд, вале фаъолияти сиёсии онҳо бамаротиб коста шуда буд.
Сабаби аз Душанбе хориҷ шудани Аҳмад Масъудро баъзе коршиносон дар беҳтар шудани муносибати Русия бо Толибон аз як тараф ва дар нисбатан нарм шудани мақомоти Тоҷикистон ба ин ҳаракат аз тарафи дигар тахмин заданд.
Тавре баъзе коршиносон қайд карданд, мақомоти Тоҷикистон доираи фаъолияти мухолифони афғонро дар Тоҷикистон хеле танг карданд ва роҳбарияти мухолифон маҷбур шуданд кишварро тарк кунанд.
Ҳамчунин хабарҳое нашр шуд, ки мухолифони афғонӣ бо кирдору гуфтори худ ба “амнияти дохилии Тоҷикистон хатар” эҷод карданд, ки мақомоти амниятии Тоҷикистон аз он хабардор шуд.
Дар муқобили ин, бархе расонаҳои мухолифи афғонистонӣ хабар доданд, ки баръакс, фаъолияти кофӣ надоштани Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон боис шудааст, ки мақомоти Тоҷикистон онҳоро берун кунад. Ба қавли ин расонаҳо, дафтари ин ҷабҳа дар Душанбе ба “гирифтани пулҳои кумакӣ” ва “мусофирхонае” барои онҳое, ки зану фарзандонашон дар хориҷ зиндагӣ мекарданд, табдил шуда буд.
Ба назар мерасад, фаъолияти кофӣ надоштани ҷабҳаи Аҳмад Масъуд наметавонад боиси берун кардани ӯ аз Душанбе бошад, зеро ин ҷабҳа аз хоки Тоҷикистон имконияти кофие барои мубориза надошт. Муборизаи бо яроқ бар зидди Толибон аз хоки Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ба роҳ монда нашуда буд. Аммо фаъолияти сиёсӣ бошад, аз хориҷ таъсири кофие надошт. Дуруст аст, ки Аҳмад Масъуд бо чанд намояндаҳои кишварҳои абарқудрат, аз ҷумла Чину Русия мусоҳибаҳое дошт, вале аз ин вохӯриҳо натиҷаи назаррасе ҳосил нашуд.
Аз тарафи дигар, Толибон тавонист дар ин вақт бо тамоми тарафҳо мусоҳибаҳои бомуваффақияте гузаронад ва робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва дипломатиро ба роҳ монад.
Илова бар он, омилҳои хориҷӣ, бахусус тағйирот дар фазои сиёсати хориҷии Осиёи Марказӣ таъсири худро расонид. Русия, ки шарики асосии Тоҷикистон дар соҳаи амният ба шумор меравад, тадриҷан мавқеи худро тағйир медод ва аз гуфтугӯй бо Толибон канорагирӣ намекард. Ҳамзамон Чин низ бо Толибон гуфтушунидҳои фаъолонаро оғоз кард, зеро ҳифзи манфиатҳои ин кишвар дар тангаи Вахон зимни лоиҳаи “Як камарбанд – як роҳ” инро тақозо мекард. Дар чунин фазо мавқеи Душанбе танҳо ва фарқкунанда боқӣ монд.
Мақомоти Тоҷикистон зери фишори ҳолати тағйирёбандаи геосиёсии минтақа ва ҷаҳон маҷбур шуд мавқеи худро дар рӯбарӯи Толибон нармтар кунад ва дар муқобил доираи мухолифони афғонро дар хоки Тоҷикистон танг намояд.
Дар ин байн, бо вуҷуди танқиди шадид ва иттиҳом ба табдил додани хоки Афғонистон ба “маркази терроризм”, охири соли 2021, яъне ҳамагӣ се моҳ пас аз ба сари ҳукумат омадани Толибон, мақомоти тоҷик бо Толибон қарордодеро барои интиқоли 1,5 млрд кВт/соат нерӯи барқ ба Афғонистон ба маблағи умумии 69 миллион доллар баста буд.
Аз таҳлилҳои зоҳирӣ ба назар мерасад, Тоҷикистон бо Толибон дар оғоз, яъне охирҳои соли 2021 ва аввалҳои соли 2022 аз рӯи принсипи “дар сиёсат – сард, дар иқтисод – гарм” амал кардааст. Яъне, дар сиёсат бо ҳамдигар душман ва мухолиф буданд, вале робитаҳои иқтисодӣ хуб ва рӯ ба инкишоф буданд.
Аммо, ба назар мерасад, бо гузашти вақт омилҳои иқтисодӣ яке аз муҳимтарин сабабҳое шуданд, ки Душанбе оҳанги худро тағйир дод. Афғонистон барои Тоҷикистон бозори асосӣ ва стратегие дар содироти барқ ба ҳисоб меравад. Ҳанӯз дар давраи ҳукумати Ашраф Ғанӣ Тоҷикистон ба Афғонистон солона ҳудуди 1,2 то 1,3 миллиард кВт/соат барқ мефурӯхт. Раҳмон намехост ин харидори асосиро, ки иттифоқан барқро бо нархи аз ҳама баланд харидорӣ мекард, аз даст диҳад. Минбаъд ҳаҷми умумии содироти барқ ба хориҷ ҳар сол афзоиш меёфт, вале ҳукумат тафсилоти онро пинҳон мекард ва ба Афғонистон чӣ қадар содир шудааст, хабар намедод. Мешавад тахмин зад, ки афзоиши фурӯши барқ маҳз аз ҳисоби Афғонистон буд ва маҳз аз ин сабаб мақомот ин оморро пинҳон карданд.
Задухӯрдҳо дар марз
Илова бар танишҳои сиёсӣ, дар марзи муштараки кишварҳо низ задухӯрдҳои зиёде рух доданд, ки аз ҳарду тараф куштаву захмӣ ба ҷо гузоштанд.
Задухӯрдҳо бештар чанд сабаби асосӣ доштанд:
- Задухӯрдҳо бо қочоқчиёни маводи мухаддир, ки одатан байни низомиёни тоҷикистонӣ ва қочоқчиён сурат гирифтаанд.
Чунин задухӯрдҳои мусаллаҳ дар чор соли ахир чанд мартиба сурат гирифтаанд. Танҳо дар нимаи аввали соли 2025 бештар аз даҳ задухӯрди мусаллаҳ ба қайд гирифта шудааст. Ин намуди задухӯрдҳо бештар аз ҳама дида мешаванд.
2. Задухӯрд бо нерӯҳои Толибон
Моҳҳои август ва октябри соли ҷорӣ байни марзбонони Тоҷикистон ва нерӯҳои Толибон дар вилояти Бадахшони Афғонистон – ҳаммарз бо ноҳияи Шамсиддини Шоҳини Тоҷикистон чанд задухӯрд сурт гирифт, ки дар натиҷа чанд нафар кушта ва захмӣ шуданд. Сабаби онро расонаҳои афғонистонӣ тағйири маҷрои рӯди Ому ба иллати заршӯйии ширкатҳои чиниву афғонистонӣ ва монеъ шудани марзбонони Тоҷикистон ба он гуфтанд. Тарафи Тоҷикистон қазияро шарҳ надод.
3. Задухӯрд бо ҷангҷӯёни тоҷик, ки дар хоки Афғонистон фаъол ҳастанд.
Соли 2023 чанд маротиба аз ворид шудани ҷангҷӯёни тоҷикистонӣ, ки аз хоки Афғонистон ба қаламрави Тоҷикистон ворид шуданд ва байни онҳо ва нерӯҳои амниятии кишвар задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифт, хабарҳо расонаӣ шуд. Дар натиҷаи ҳадди ақал ду ҳолати алоҳида панҷ нафар ҷангҷӯён кушта шуданд. Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, онҳо аъзои гурӯҳи мамнуи “Ҷамоати Ансоруллоҳ” буданд.
4. Задухӯрд ё ҳамлаҳо аз тарафи шахсони номаълум, ки на мақомоти тоҷик ва на Толибон аз онҳо ном бурданд
Моҳи ноябри соли гузашта ва ахиран ноябри соли ҷорӣ аз тарафи Афғонистон ба хоки Тоҷикистон ҳадди ақал се ҳамлае сурат гирифт, ки дар натиҷаи он ҳудуди 10 нафар кушта ва чанд нафар захмӣ шуданд. Ҷолиб ин аст, ки дар натиҷаи ин ҳамлаҳо ҳамаи кушташудаҳо шаҳрванди Чин буданд, ки дар ширкатҳои тилло кор мекарданд. Аз ҳадди ақал панҷ нафар захмиҳо танҳо як нафар шаҳрванди Тоҷикистон буда, боқимондаҳо низ чиниҳо буданд. На мақомоти тоҷик ин ҳамлаҳоро шарҳ доданд ва на Толибон. Маълум нашуд, ки аз хоки Афғонистон кӣ ба чиниҳо ҳамла кардааст. Ҳеҷ яке аз гурӯҳҳои ифротӣ низ масъулияти ин ҳамлаҳоро ба дӯш нагирифт.
Коршиносон тахмин мезананд, ки ҳам мақомоти тоҷик ва ҳам Толибон медонанд, ки ҳамлаварҳо кӣ ҳастанд, вале бо кадом сабабе онро ошкор намекунанд.
Эҳтимол меравад, ки ин ҳамлаҳоро яке аз гурӯҳҳое, ки бо Тлоибон ҳампаймон аст, анҷом дода бошанд. Агар чунин аст, аз эҳтимол дур нест, ки гурӯҳҳои яроқбадасти уйғур бошанд, чун ҳамлаҳо танҳо ба чиниҳо сурат гирифтааст.
Эҳтимоли дигар он аст, ки ин корро мақомоти тоҷик ташкил карда бошанд, то барои Раҳмон як имтиёзи сиёсие дар ҷомеаи ҷаҳонӣ бошад, чун Тоҷикистон то ҳол таъкид мекунад, ки аз хоки Афғонистон ба кишвар то ҳол хатар таҳдид мекунад.
Ҳамчунин ҷолиб аст, ки пас аз ҳамлаи ахир Вазорати хориҷии Тоҷикистон Толибонро дар таъмин накардани амният айбдор карда, иддао кард, ки Тоҷикистон талошҳои мунтазам “ҷиҳати ҳифзи амният” мекунад, вале “гурӯҳҳои ҷинояткор” аз қаламрави Афғонистон вазъи сарҳадиро халалдор мекунанд.
Ихроҷи муҳоҷирони афғон аз Тоҷикистон
Бо вуҷуди вахим шудани вазъият дар Афғонистон пас аз омадани Толибон, Тоҷикистон муҳоҷирони гурезаи афғонро хеле кам қабул кард, баръакс марзҳоро баст ва ворид шудани муҳоҷиронро ба ҳудуди кишвар маҳдуд кард.
Аз соли 2022 ба ин тараф мақомоти Тоҷикистон ба ихроҷ кардани шаҳрвандони Афғонистон аз кишвар шуруъ карданд. Ба маълумоти СММ ва расонаҳои мустақил, дар соли 2022 ҳадди ақал 85 шаҳрванди Афғонистон ихроҷ шуданд. Аз октябри 2024 то июли 2025 мақомоти дастикам 485 нафар, аз ҷумла 334 гуреза ё паноҳҷӯёни афғонро ихроҷ карданд. Аз июл то августи 2025 аллакай бештар аз ҳазор нафарро иҷборӣ ба Афғонистон фиристоданд.
Мақомоти кишвар расман ихроҷи ҳазорҳо шаҳрванди Афғонистонро эътироф карда, гуфтанд, ки бархе аз онҳо “ғайриқонунӣ” вориди кишвар шудаанд ва ё қонуни “будубошро дағалона вайрон” кардаанд. Қисми дигарро ба “тарғиби ақидаҳои ҳаракатҳои экстремистӣ”, “ҳуҷҷатҳои қалбакӣ”ва “қочоқи маводи мухаддир” айбдор карданд.
Расонаҳои афғонӣ хабар доданд, ки байни ихроҷшудагон кормандони давлати пешини Афғонистон буданд ва дар ҳолати ихроҷ шудан ҷони онҳо дар хатар аст.
Коршиносон ҳадс мезананд, ки муҳоҷирони ихроҷшудаи афғон на қочоқчӣ буданд ва на ғайриқонуниву ифротгаро, балки аксари онҳо собиқ кормандони ҳукумати қаблии Афғонистон буданд ва аз тарси ҷон ба Тоҷикистон паноҳ оварда буданд. Аммо, ба назари онҳо, сабаби ин ихроҷҳои дастаҷамъӣ метавонад тағйири комили сиёсати ҳукумати Тоҷикистон вобаста ба Толибон бошад, зеро қаблан Толибон аз вуҷуд доштани мухолифон дар хоки Тоҷикистон изҳори нороҳатӣ мекарданд.
Ҳамчунин эҳтимол дорад, ихроҷи дастаҷамъонаи муҳоҷирони афғон барои фишор овардан ба ҳукумати Толибон ба роҳ монда шуда бошад ва давлати Тоҷикистон бо ин кор дар пайи манфиате бошад.
Эҳтимоли дигар, ки низ ба ҳақиқат хеле наздик аст, ин ихроҷҳо дар пайи ихроҷи дастаҷамъонаи муҳоҷирони афғон аз Покистону Эрон сурат гирифта бошад. Дар ду соли охир аз ин кишварҳо бештар аз чор миллион, аз ҷумла, танҳо дар соли 2025 бештар аз 1,5 миллион муҳоҷири афғон ихроҷ шудааст.
Тақдири ҷангҷӯёни тоҷики муқими Афғонистон
Ҳамчунин эҳтимол дорад, ки ин ихроҷҳо натиҷаи тавофуқҳои ҳукумати тоҷик бо Толибон бошанд. Агар ҳамчунин тавофуқе сурат гирифта бошад, ҳукумати Раҳмон метавонад дар ивази ихроҷи мухолифони афғон аз Толибон ихроҷи шаҳрвандони Тоҷикистонро талаб кунад. Дар мадди аввали назари мақомоти тоҷик ҷангҷӯёни “Ҷамоати Ансоруллоҳ” ва дигар гурӯҳҳои яроқбадаст хоҳанд буд.
То ҳол ҳеҷ ишорае вуҷуд надорад, ки Толибон қасд доранд шаҳрвандони Тоҷикистонро ба мақомоти тоҷик супоранд. Баръакс, ҷангҷӯёни “Ансоруллоҳ” бо Толибон ҳамкорӣ карда, ҳатто як қисми сарҳади тоҷику афғонро бонӣ мекунанд.
Ба назар мерасад, Толибон ҳампаймонони худро ба осонӣ ба мақомоти тоҷик супориданӣ нестанд. То ҳол мақомоти Толибон ин мавзуъро расман шарҳ надодаанд.
Сатҳи муносибатҳои дипломатӣ бо Толибон
Оғози муносибатҳои дипломатӣ байни мақомоти Тоҷикистон ва ҳукумати Тоҷикистон то ҳол расман эълон нашудааст. Вале вохӯриҳо ва гуфтушунидҳои дуҷониба аз солҳои 2022 ба таври пинҳонӣ ба роҳ монда шуда буданд.
Моҳи марти соли 2023 ҳайати Толибон ба Тоҷикистон сафар карда, бо мақомоти кишвар вохӯрӣ доштанд. Дар натиҷаи ин вохӯрӣ, Консулгарии Афғонистон дар шаҳри Хоруғ ба ихтиёри Толибон гузошта шуд ва сарпарасти ин идора аз мақомдорони Толибон таъйин гашт.
Толибон ин ҳодисаро ҳамчун як дастоварди бузурги дипломатӣ ба қалам доданд. Ин иқдом Толибонро як қадами дигаре ба сӯи ба расмият шинохтан дар сатҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ наздик кард.
Вале он вақт мақомоти тоҷик ин хабарро тасдиқ ё рад накарда буданд.
Аз нуқтаи назари сиёсат ин пинҳонкории мақомоти тоҷик мантиқӣ нест. Одатан чунин як қарори муҳим дарҳол расонаӣ мешавад.
Вале, тибқи мантиқи ҳукумати Тоҷикистон сабаби эълон накардани ба расмият шинохтани ҳукумати Толибон метавонад ҳаросаш аз мардуми кишвар бошад, дар ҳоле ки дар кишвар садҳо ва шояд ҳазорҳо нафар бо туҳмати “ҳамкорӣ бо ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ” зиндонӣ шудаанд ва ин ҳатман дар ҷомеъа боиси норозигӣ мешавад. Ба расмият шинохтани як ҳаракати исломгарои кишвари ҳамсоя барои мақомати Тоҷикистон баробари эътироф кардан ба хатои худ дар муносибат бо ҳаракатҳои исломгарои дохилӣ аст.
Суоли дигар ин ҷост, ки чаро ҳукумати Тоҷикистон танҳо консулгарӣ дар Хоруғро дод, аммо аз супоридани сафорати Афғонистон дар Душанбе то ҳол саркашӣ мекунад? Эҳтимол дорад, супоридани консулгарӣ як намуд иқдоми неки ҳукумати Тоҷикистон бар ивази муносибати хуби иқтисодӣ, бахусус фурӯши барқ бошад.
Эҳтимоли дигар низ вуҷуд дорад, ки консулгарӣ аз сабаби ба сарҳади Афғонистон наздик будан ба толибон дода шуд ва ин бисёре аз корҳоро барои мақомоти тоҷик осон мекард, аз ҷумла содироту воридоти маҳсулоти гуногун ва ихроҷи муҳоҷирони афғон. Шояд аз ин сабаб буд, ки моҳи марти 2023, яъне панҷ моҳ пас аз супоридани консулгарӣ, бо дастури шахсии раисҷумҳур Раҳмон дар ноҳияҳои наздисарҳадии вилояти Бадахшон бозори наздимарзии Тоҷикистону Афғонистон дигарбора ба кор сар кард.
Сафарҳои дуҷонибаи мақомоти баландпояи Тоҷикистону Афғонистон низ вақтҳои охир бештар мешаванд. Танҳо ҳамин сол чанд ҳайъати Афғонистон ба Тоҷикистон сафар карданд. Дар посух ҳайъатҳои Тоҷикистон низ аз Кобул дидан карданд.
Сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон аз фаъолият бознамондааст, вале дар расонаҳо аз фаъолияти он хабаре нест. Маълум нест, ки ин ниҳод ба корҳои дипломатӣ, аз ҷумла додани раводид машғул аст ё не. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфта буд, Душанбе додани раводидро ба шаҳрвандони Афғонистон бас накардааст, вале ӯ зикр кард, ки ин танҳо барои шаҳрвандоне аст, ки дар хориҷ аз Афғонистон қарор доранд ва ё донишҷӯ ҳастанд.
Мавқеи Тоҷикистон нисбат ба Толибон аз соли 2021 то имрӯз яксон набуд. Агар дар оғоз Душанбе шадидан зидди Толибон мавқеъ гирифта буд ва худро ҳомии мухолифони онҳо ва бахусус тоҷикони Афғонистон нишон медод, вале бо гузашти замон оҳанги эътирозаш нармтар ва робитаҳои иқтисодиву домломатӣ байни тарафҳо зичтар шуд. Имрӯз аз он мухолифоне, ки мақомоти Тоҷикистон дастгирӣ мекарданд, танҳо ном мондааст, онҳо аз саҳна комилан нопадид шудаанд. Бинобар ин, воқеияти сиёсӣ ва манфиатҳои иқтисодиву амниятӣ ҳукумати Раҳмонро водор мекунанд, бо Толибон равобит барпо намояд. Ба назар мерасад, ин раванд дар ҳамин самт идома хоҳад ёфт ва ба наздикӣ Толибонро ба расмият хоҳад шинохт.
