8.9 C
Dushanbe

Ошӯби навбатӣ дар яке аз зиндонҳои кишвар

Дар як тирпаронӣ дар Боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд дасти кам се зиндонӣ ва як нигаҳбон кушта шудаанд.

Радиои Озодӣ дар истинод ба манобеаш менависад, ки 31-уми январи соли ҷорӣ ҳашт маҳбус баъди тир задан ба як нигаҳбони Боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд бо нияти фирор вориди нуқтаи ҳоил шудаанд, аммо нигаҳбонони дигар ба тарафи онҳо тир зада, се маҳбусро мекушанд.

Ба гуфтаи манбаи ин расона, агар ин зиндониҳо аз нуқтаи ҳоил мегузаштанд, дигар як дарвозаи баромад буд ва метавонистанд гурезанд.

Дар ҳамин ҳол Муҳаммадиқболи Садриддин, мудири пойгоҳи “Isloh.net” дар саҳфаи фейсбукиаш рӯзи 2-уми феврал навиштааст: “Имрӯз як зиндонии кушташуда аз Рӯдакиро зери тадобири амниятӣ гӯронданд. Адади кушташудаҳоро то 15 ва маҷруҳин ҳам зиёданд.”

Ангезаи ҳамла дар Боздоштгоҳи Хуҷанд то ҳол маълум нест. Мақомоти Тоҷикистон ҳам ин ҳодисаро шарҳ надодаанд ва ин боиси тахмину оморҳои гуногун гаштааст.

Гуфта мешавад, солҳои охир дар зиндонҳои Хуҷанд ва Ваҳдат чанд ошӯб рух дода, даҳҳо зиндонӣ кушта шуданд. Бори охир моҳи феврали соли 2025 дар пайи як ошӯб дар зиндони Ваҳдат камаш 9 маҳбус кушта шуд, ки номи 7 нафари онҳо ба дасти Azda.tv расида буд ва 3 зиндонбон захмӣ шуда буданд.

Пештар аз ин шаби 8-уми ноябри соли 2018 дар муассисаи ислоҳии рақами 3/3-и шаҳри Хуҷанд задухӯрд миёни зиндонбонон ва зиндониён сар зад, ки дар натиҷа 23 нафар, аз ҷумла ду корманди зиндон кушта шуданд. Мақомот гуфтанд, ки ошӯб аз ҷониби тарафдорони маҳкумшудаи гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” бо ҳадафи фирор ташкил шудааст.

Инчунин 19-уми майи соли 2019 дар муассисаи ислоҳии шаҳри Ваҳдат ошӯб сар зад, ки тибқи иттилои расмӣ, 32 нафар, аз ҷумла 29 зиндонӣ ва 3 корманди зиндон кушта шуданд. Дар миёни кушташудаҳо чеҳраҳои шинохта, монанди Каримов Абдусаттор (маъруф ба Махдуми Саттор), Саид Қиёмиддини Ғозӣ ва Саидмаҳдихон Сатторов (маъруф ба Шайх Темур) низ буданд. Мақомот он замон низ гуфтанд, ки ошӯбро ҷонибдорони ДИИШ таҳти сарварии Беҳрӯз Гулмурод, писари фармондеҳи собиқи ОМОН-и Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов, ки дар Сурия ба сафи ДИИШ пайваста буд, ташкил кардаанд.

Мақомот ҳама ошӯбҳоро кори дасти ифротгароёни исломӣ мегӯянд, аммо ҳомиёни ҳуқуқ вазъи бади зиндонҳо ва бадрафтории мақомот бо маҳбусон, аз ҷумла тамаъҷӯиро аз сабабҳои эҳтимолии ангезандаи исёни маҳбусон ном бурдаанд. Мухолифон бар ин назаранд, ки ошӯбҳо сохтаи дасти мақомот буда, бо ҳадафҳои мақсаднок роҳандозӣ мешаванд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

HRW: Нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст

Соли 2025 дар Тоҷикистон мавқеи ҳизби ҳоким мустаҳкам гардида, фишор ба ҷомеаи шаҳрвандӣ, рӯзноманигорон ва мухолифин зиёд шудааст.

Боздошти як муҳоҷири тоҷик дар Қазоқистон бо талаби Тоҷикистон

Як шаҳрванди 31-солаи Тоҷикистон, ки дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт, аз ҷонби мақомоти Қазоқистон дастгир шудааст.

Дар ҳамлаҳои нави Исроил ба Ғаззаро даҳҳо нафар кушта шуд

Рӯзи чоршанбе, 4-уми апрел дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба хаймаҳои оворагон дар Ғазза беш аз 20 нафар кушта шуданд, ки дар байни онҳо кӯадкони ширхор ҳам буданд.

Боздошти як зани тоҷик дар Русия бо иттиҳоми узвият дар “Салафия”

Дар шаҳри Сухуми Абхазия як шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз соли 2021 дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт, боздошт шудааст.