Аз 12-уми июни соли 2025, Тоҷикистон расман сиёсати “Осмони боз”-ро дар тамоми фурӯдгоҳҳои байналмилалии худ — Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар — ба роҳ монд.
Бо ин иқдом маҳдудиятҳои пешина дар мавриди парвози ширкатҳои хориҷӣ бекор шуда, барои рақобати солим ва дастрасии бештари мардум ба парвозҳо шароит фароҳам меояд.
Ҳоло ширкатҳои ҳавоӣ метавонанд озодона самт, парвозҳо, ҳаҷми ҳавопаймо ва нархгузориро муайян кунанд. Ин як қадами муҳими ислоҳот барои баланд бардоштани сифати хидматрасонӣ ва рушди бозори нақлиёти ҳавоӣ мебошад.
Ин тадбир дар ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ ва дар доираи барномаи DPO амалӣ шуда, ба ислоҳоти фарогир дар бахшҳои молия, нақлиёт ва бахши хусусӣ мусоидат мекунад.
Дар баробари ин, мақомоти соҳаи авиатсия вазифадоранд тартиби воридшавии ширкатҳои навро содда ва ҷадвали иҷозатномадиҳиро равшан намоянд. Гарчанде, ки барои 18 самти парвоз то се соли оянда баъзе маҳдудиятҳо боқӣ мемонанд.
Як ширкати ҳавопаймои Туркия аллакай шумораи парвозҳояш аз Истанбул ба Душанберо аз се ба панҷ бор дар як ҳафта афзоиш додааст. Ин нишонаи аввалини вокуниши мусбати бозор гуфта мешавад.
Коршиносони соҳаи авиатсия мегӯянд, ин иқдом на танҳо соҳаи авиатсияро, балки рушди иқтисоди рақамӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва ҳамгироии минтақавии Тоҷикистонро низ тақвият мебахшад.
Ин тағйирот дар ҳолест, ки соҳаи авиатсияи Тоҷикистон пайваста бо мушкилоти ҷиддӣ рӯбарӯ аст ва дар маркази таваҷҷуҳи расонаҳо қарор дорад. Пештар Исматулло Абдуллозода, собиқ директори генералии Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе, ки бо фармони мустақими Эмомалӣ Раҳмон ба ин вазифа таъйин шуда буд, бо иттиҳоми азонихудкунии беш аз 500 миллион сомонӣ боздошт гардид.
Баъдтар расонаҳо хабар доданд, ки як қасри бошукӯҳ мансуб ба Абдуллозода, дорои 60 ҳуҷра, бо арзиши 5 миллион доллар ба фурӯш гузошта шудааст. Ин амвол дар пасманзари парвандаи боздошт ва эҳтимоли баргардондани маблағҳои азхудшуда матраҳ мегардад.