19.9 C
Dushanbe

Оё дар тамоми Русия муҳоҷиронро аз ҳаққи таксиронӣ маҳрум мекунанд?

Мақомоти Русия мехоҳанд кори муҳоҷиронро дар соҳаи таксиронӣ пурра манъ кунанд.

Муовини раиси Кумитаи сиёсати минтақавии Думаи Давлатӣ Михаил Матвеев пешниҳод кардааст, ки дар тамоми қаламрави Русия шаҳрвандони хориҷиро аз ҳаққи кор дар таксӣ маҳрум кунанд.

Ӯ инро дар суҳбат бо расонаҳои русӣ баён карда, аз тасмими мақомоти Санкт-Петербург дар бораи манъи кор кардани шаҳрвандони хориҷӣ ҳамчун ронандаи нақлиёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла таксӣ, истиқбол намудааст ва онро қадами муҳиме барои баланд бардоштани амнияти мусофирон номидааст.

Гуфта мешавад, қарори нави ҳукумати Санкт-Петербург муваққатӣ буда, аз 10-уми август то охири соли 2025 амал хоҳад кард.

Матвеев ҳамчунин тавзеҳ дода, ки ин маҳдудиятҳо ба шахсоне, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд ва инчунин шаҳрвандони кишварҳои узви ЕАЭС — Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон мебошанд, татбиқ намешавад.

Ин вакили рус иддао кардааст, ки ин маҳдудият дар шаҳрҳои бузург ба кам шудани шадиди шумораи ронандагон намеоварад ва изҳори умедворӣ кардааст, ки аз ин ҳисоб шаҳрвандони Русия бо ҷойҳои корӣ таъмин хоҳанд шуд.

Аммо ширкатҳои таксӣ дар Русия мегӯянд, ки агар ин пешниҳод қабул шавад, шаҳрҳои бузург бо камбуди ронанда ва боло рафтани нархҳо дар таксӣ рӯ ба рӯ хоҳанд шуд.

Ин пешниҳод дар ҳоле садо медиҳад, ки мақомот дар вилояти Хабаровски Русия эҳтимол дорад қарори қаблан ҷоришудаи манъи кори шаҳрвандони хориҷиро дар бахши нақлиёти ҷамъиятӣ бо сабаби камбуди ронандагон ва шикояти сокинон аз дер мондани таксиҳо, бозбинӣ кунанд.

Чунин маҳдудиятҳо дар баъзе минтақаҳои Русия, аз ҷумла Самара ва Тотористон низ вуҷуд доранд. Дар Тотористон то охири соли 2025 ба корфармоён манъ шудааст, ки шаҳрвандони хориҷиро, ки бо “патент” кор мекунанд, дар 10 соҳаи иқтисодиёт, аз ҷумла таксӣ ба кор ҷалб намоянд.

Пештар худи раҳбари Тотористон Рустам Минниханов ҳушдор дода буд, ки маҳдуд кардани кори муҳоҷирон метавонад ба вазъи иқтисодӣ таъсири манфӣ расонад.

Гуфта мешавад, баҳси кори муҳоҷирон дар бахшҳои муайяни иқтисодиёти Русия миёни мақомдорон ва ҷомеаи ин кишвар дар чанд соли охир доғтар шудаааст.

Ва пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои “Крокус Сити Ҳолл”, ки гумонбаронаш муҳоҷирон мебошанд, дар Русия фазои муҳоҷирбадбинӣ ба авҷи худ расида, мақомоти ин кишвар ҳамроҳи гурӯҳҳои миллатгаро бо ҳар баҳона дар кӯчаву хобгоҳҳо ва ҳатто қаҳвахонаву бозорҳо “рейд” гузаронида, нисбат ба муҳоҷирон бадрафторӣ карда, онҳоро латтукӯб мекунанд.

Ҳамчунин асноди будубошу дигар ҳуҷҷатҳои зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус зодагони Тоҷикистонро барои нарафтан ба ҷанги зидди Украина бекор мекунанд. Инчунин дар ин муддат дар Русия чандин қонунҳои наве дар Думаи давлатӣ пешниҳоду қабул гардид, ки шароити бе ин ҳам вазнини корӣ барои муҳоҷиронро мушкилтар мекунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боҷи 100 дарсадӣ — посухи Трамп ба назоратҳои нави Чин бар металҳои нодир

Доналд Трамп эълон кард, ки аз 1-уми ноябр ба ҳамаи молу маҳсулоте, ки аз Чин ворид мешаванд, 100 дарсад боҷ ҷорӣ хоҳад кард.

Хотимаи ҷанги Покистону Толибони Афғонистон

Шаби 11 ба 12-уми октябри соли ҷорӣ миёни нерӯҳои марзбонии Покистон ва Толибони Афғонистон задухӯрдҳои шадид рух доданд.

ҲАМОС 20 асирро зинда ба Исроил супорид

Мувофиқи бандҳои тарҳи оташбас субҳи рӯзи душанбе, 13-уми октябр ҲАМОС 20 асири исроилиро ба намондагони Салиби Сурх таҳвил дод.

Боздошти як сокини пойтахт ҳангоми фурӯши маводи мухаддир

Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз иҷрои як амалиёти махсус бар зидди маводи мухаддир хабар дод.