Оё Исроил ба ҳамлаҳои Эрон посух медиҳад?

Шаби 1-ум ба 2-юми октябр Ҷумҳурии исломии Эрон бо 250 мушаки баллистикӣ ба чанде аз пойгоҳҳои низомӣ ва зерсохторҳои Исроил ҳамла кард.

Мақомоти Эрон мегӯянд, қисмати зиёде аз ин мушакҳо ба ҳадаф расидаанд, аммо мақомоти Исроил ва Амрико мегӯянд, адади зиёди ин мушакҳо тавассути падофандҳои исроилӣ ва амрикоӣ дар осмон мунҳадим шуданд. Аммо гуфта намешавад, ки нерӯҳои низомии Амрико дар минтақа ва худи Исроил дақиқан аз 250 мушак чандтояшро тавонистанд роҳгирӣ кунанд.

То ҳол мақомоти Исроил аз талафот ва зарарҳои инсонӣ ва ғайриинсонӣ бар асари ин ҳамлаҳоро гузориш надодаанд.

Мақомоти Исроил пас аз ин ҳамла гуфтанд, ки ҳатман ба Эрон посух хоҳанд дод, аммо Эрон ба Созмони Милали Муттаҳид ва кишварҳои ғарбӣ ҳушдор дод, ки дар ҳоли посухи Исроил ба ин ҳамалот, ба ҳамлаи сахттар ва васеътаре мувоҷеҳ хоҳад шуд.

Иёлоти Муттаҳида Амрико қаблан нигаронии худро дар бораи ҳамлаи Эрон ба Исроил баён карда буд ва субҳи рӯзи сешанбе Кохи Сафед бо пахши изҳороте аз оғози қарибулвуқуи ин ҳамла хабар дод, аммо худи ҳамон рӯз сурат гирифтани ҳамла хелеҳоро ғофилгир кард.

Ба назари коршиносон, Амрико ба Эрон ҳушдор дода буд, ки агар ҳамла ба Исроил сурат бигирад, барои Эрон паёмадҳои сангине хоҳад дошт.

Бори аввал моҳи апрели соли ҷорӣ Эрон ҳамлаи мушакии худро ба Исроил анҷом дода буд. Гуфта мешуд, он замон партоби мушакҳо дар пайи ҳамлаи Исроил ба консулгарии Эрон дар Сурия ва кушта шудани чанде аз мақомҳои эронӣ сурат гирифт. Аммо ин бор, Эрон ҳадафи ҳамларо интиқом аз қатли Исмоил Ҳаниа, раҳбари сиёсии ҲАМОС ва инчунин террори раҳбари “Ҳизбуллоҳ” Ҳасан Насуруллоҳ анҷом дод.

Ва то ҳол маълум нест кишварҳои минтақа, аз ҷумла Урдун, Арабистони Саудӣ ва дигарон дар ин ҳамла чӣ мавқеъе доштанд. Оё онҳо низ Исроилу Амрикоро дар раҳгирии мушакҳо кумак кардаанд ё на, ҳанӯз чизе гуфта намешудааст. Дар ҳоле, ки ин кишварҳо дар ҳамлаи моҳи апрели Эрон ба Исроил дар раҳгирии мушакҳо фаъол буданд.

Ҳамзамон бо ҳамлаҳои мушакаии Эрон ба Исроил дар шаҳри Ёфои Исроил ду фаластинӣ тирандозӣ карданд, ки дар натиҷа 8 нафар кушта ва наздики 20 нафари дигар захмӣ шуданд. Гуфта мешавад, ҳамла дар истгоҳи метро сурат гирифтааст. Пулиси ин шаҳр ҳамларо “ҳамлаи террористӣ” эълон кард.

Ташдид танишҳо дар минтақа пас аз ҳамлаи ҲАМОС дар 7-уми октябри соли 2023 ба заминҳои ишғолшудаи Фаластин аз ҷониби Исроил афзоиш ёфт. Исроил пас аз як соли ҳамлаи ҳавоӣ ва заминӣ бар болои мардуми Ғазза акнун бо “Ҳизбуллоҳ” вориди ҷанг шудааст. Аммо коршиносон аз шуруи як ҷанги шомил дар Ховари Миёна ҳушдор медиҳанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Хадамоти муҳоҷират аз ҷамъоварии пул барои кумакҳо ҳушдор дод

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, бархе афрод ва бунёдҳои қалбакӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо нашри аксу наворҳои сохта аз мардум пул ҷамъ мекунанд.

Демократҳо дар интихоботи миёндавраии ИМА пешсаф шуданд

Ҳизби демократи Амрико бо пирӯзии аксарият бар ҷумҳурихоҳони ин кишвар дар ҳарду палатаи Конгресс ғолиб омаданд.

Вазорати мудофиа: Беш аз 97 дарсади нақшаи даъвати тирамоҳӣ иҷро шуд

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон рӯзи 2-юми ноябр хабар дод, ки дар моҳи аввали даъвати тирамоҳӣ беш аз 97 дарсади нақшаи даъвати сарбозон ба артиш иҷро шудааст.

Тоҷикистон 100 миллион доллар аз САСР қарз гирифт

Тоҷикистон бахши аввали қарзи 200-миллиондолларии Сандуқи авруосиёии суботу рушд (САСР)-ро дарёфт кард.