11.9 C
Dushanbe

Оё Туркия нафти Озарбойҷонро ба Исроил мерасонад?

Гузориши нави созмонҳои Progressive International ва Stop Fuelling Genocide нишон медиҳад, ки ҳукумати Эрдуғон пас аз эълони таҳримҳо дар давоми соли 2024 аз Туркия ба Исроил 10 танкер (киштии боркаши худгард) нафти хом фиристодааст.

Ин гузориш дар ҳоле аст, ки раисҷумҳури Туркия Эрдуғон даъвои ҳимоят аз мардуми Ғаззаро дорад ва Вазири энержии Туркия ҳам гуфта буд, ки аз замони оғози таҳримҳо ҳеч гуна интиқоли ашё ба Исроил сурат нагирифтааст.

Ёдовар мешавем, ки 2 майи соли 2024 мақомоти Туркия расман аз қатъи тамоми амалиётҳои содиротӣ ва воридотӣ бо Исроил хабар дода буд. Ин таҳримҳо ҷавоб ба қатли оми мардум дар Ғазза қабул шуда, аксари мардум аз он истиқбол карданд, вале иҷрои ин таҳримҳо зери шубҳаи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифт.

Бо вуҷуди изҳороти расмии Анқара, гузоришҳо нишон медиҳад, ки тиҷорати нафтии Туркия бо Исроил идома ёфта, танҳо дар моҳи май 8 танкер аз бандари Ҷайҳон ба Ашкалон рафтааст.

Бино ба гузоришҳо, танкерҳои бузурги Suezmax, ба мисли “Kimolos” ва “Seavigour” нақши калидӣ дар ин интиқолҳо ва нақзи таҳримҳоро мебозанд. Ин танкерҳо, ки махсус барои интиқоли ҳаҷми зиёди нафт сохта шудаанд, дарозиашон зиёда аз 260 метр бештар ва ғунҷоишашон тақрибан 150 ҳазор метри мукааб аст.

гуфта мешавад, ин танкерҳо пас аз бор кардани нафт дар бандари Ҷайҳун аксар вақт системаҳои AIS (Автоматическая идентификационная система)-и худро дар қисми шарқии Баҳри Миёназамин хомӯш мекунанд, то масири ҳаракати худро пинҳон нигоҳ доранд. Аксҳои моҳворавӣ ва сабтҳои бандарӣ низ тасдиқ кардаанд, ки ин танкерҳо барои чанд рӯз “ғайб мезананд” ва сипас дар бандари Ашкелони Исроил пайдо шуда, борҳоро холӣ мекунанд ва ба Туркия бармегарданд.

Нафт ба Исроил асосан аз Озарбойҷон содир мешавад ва он дар чаҳорчӯби тарҳи Боку-Тифлис-Ҷайҳони Туркия (як лӯлаи бузурги нафтӣ) тавлид мешавад.

Тибқи иттилои гузоришгарон, аз ҳамин лӯлаи бузурги нафтӣ дар моҳи октябри соли 2023 ба Исроил ба ҳисоби миёна 1,3 миллион тонна нафт содир шудааст.

Бояд қайд кард, ки 1,3 миллион тонна нафт барои таъмини сӯзишвории 100 ҳавопаймои низомии F-35 кофӣ аст, ки Исроил онҳоро асосан дар ҳамлаҳои худ болои мардуми Ғазза истифода мебарад.

Дар пасманзари ин гузориш 1-уми январи соли ҷорӣ ҳазорҳо нафар ва аъзои беш аз 400 ташкилоти ҷамъиятӣ дар Истамбул ба тазоҳурот баромаданд. Мунтақидони Раҷаб Тайиб Эрдуғон ӯро ба риёкорӣ муттаҳам намуда, мегӯянд, ки бо сӯистифода аз баёнияҳои тарафдорӣ аз Фаластин бо Исроил тиҷоратро идома медиҳад. Фаъолон мегӯянд, ки нафти хоме, ки ба Исроил содир мешавад, дар онҷо коркард ва барои сӯзишвории таҷҳизоти низомӣ истифода мешавад.

Гузориши созмонҳои Progressive International ва Stop Fuelling Genocide на танҳо самимияти сиёсатҳои Туркияро дар иҷрои таҳримҳои эълонкардааш зери суол мегузорад, балки инчунин ба мушкилоти густурдатар дар тиҷорати ҷаҳонии нафт ишора мекунад. Истифодаи усулҳои пинҳонкорӣ, аз ҷумла хомӯш кардани системаҳои AIS ва пинҳон кардани сабтҳои бандарӣ, шароитро барои нақзи қоидаҳои байналмилалӣ фароҳам меорад ва буҳронҳои инсонӣ, ба монанди низоъ дар Ғаззаро шадидтар мекунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

CPJ аз мақомоти Тоҷикистон озодии Аҳмад Иброҳимро талаб кард

Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон (CPJ) 13-уми январ бо нашри изҳороте озодии бешарту қайди Адҳам Иброҳим ва 7 рӯзноманигорои дигарро аз мақомоти тоҷик талаб кард.

Тоҷикистон заифтар аз соли гузашта ва дар ҷои 108- ум аз лиҳози қудрати низомӣ

Дар соли 2025 Тоҷикистон дар радабандии солонаи Global Firepower (GFP) аз миёни 145 кишвар дар ҷои 108-ум қарор гирифт.

Ғалабаи нави Нурулло Алиев дар UFC

Размикори тоҷик Нурулло Алиев дар нахустин мусобиқаи UFC дар соли 2025, ки дар Лас-Вегаси ИМА баргузор шуд, бар рақиби худ пирӯз гашт.

Сайфиддин: “Дар омадани ман ба Сурия ҲНИТ даст надорад”

Сайфиддин Тоҷибоев дар мусоҳибае ҷузъиёти ҳаёт ва ба мақоми баланди низомӣ расиданашро дар Сурия мегӯяд.