ПА: Покистон ба Панҷшер ҳамла кард

Парлумони Аврупо Покистонро муттаҳам ба ҳамла ба нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар Панҷшер кард.

14-уми сентябр Парлумони Аврупо қатъномае иборат аз 36 банд дар бораи Афғонистон содир кард. Дар ин қатънома омадааст, ки Покистон бо нерӯҳои вижаи ҳавоияш аз Толибон дар ҳамла ба Панҷшер ҳимоят кардааст.

Ҳамзамон дар ин қатънома зикр шудааст, ки Толибон чанд ҳавопаймои ҳомили шаҳрвандони кишварҳои Аврупо ва афғонҳои ҳамкори онҳоро дар Мазори шариф аз парвоз боз дошта, ба онҳо иҷозаи парвоз намедиҳад.

Дар ин қатънома такид шудааст, ки тамосҳои мақмомоти Аврупоӣ бо Толибон набояд ба маънои машруъият бахшидан ба ин гурӯҳ бошад. Инчунин таҳримҳои Иттҳодияи Аврупо бар алайҳи Толибон бояд по барҷо бомонанд.

Пеш аз ин мақомоти Эрон ва Тоҷикистон низ Толибонро ба кумак гирифтан аз кишвари сеюм дар ҳамла ба Панҷшер мутаҳҳам карда буданд, вале Эрон аз Покистон ном нагирифта буд.

Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон низ Покистонро ба ҳамла ба Панҷшер муттаҳам карда буд ва Аҳмад Масъуд пас аз ин ҳамлаҳо бо расонаӣ кардани як навори савтӣ мардуми Афғонистонро ба қиём алайҳи Толибон фаро хонд. Баъд аз он мардум дар чанд вилояти Афғонистон дар ҳимоят аз Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва мутаҳҳам кардани Покистон ба ҳамла ба Панҷшер тазоҳуроти густардаеро анҷом доданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.