Ба солҳои тӯлонӣ зиндонӣ шудани пайвандони Ёдгор Ғуломҳайдаров

Мақомоти қудратӣ дар шаҳри Душанбе бародар ва ҷияни яке аз роҳбарони ғайрирасмии ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Ғуломҳайдаровро барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон карданд.

Фаромуз Ғуломҳайдаров, Ёдгор Ғуломҳайдаров ва Дониш Исматов

Мақомоти кишвар Фаромуз Ғуломҳайдаров, бародари 43-солаи Ёдгор Ғуломҳайдаровро ба 15 соли зиндон ва Дониш Исматови 37-соларо ба 10 соли зиндон маҳкум шудаанд.

Маълум нест мурофиаи онҳо кай ва дар чӣ шароите баргузор шудааст. Ва низ иттиҳоми мақомот нисбати Фаромуз Ғуломҳайдаров маълум нест, аммо гуфта мешавад, Дониш Исматов барои “иштирок дар гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ” гунаҳкор дониста шудааст. Назари маҳкумшудаҳо ва пайвандонашон низ дастраси расонаҳо нест.

Бино ба иттилои Анора Саркорова рӯзноманигори шинохтаи тоҷик, Фаромуз Ғуломҳайдаров узви ягон гурӯҳ набуд ва аз фаъолияти сиёсӣ низ дур буд.

Ба навиштаи манбаъ, Дониш Исматов дар тазоҳуроти осоишта дар Вамара ширкат надоштааст, аммо мақомот замони боздошт ӯро бо тири снайпер захмдор мекунанд. Гуфта мешавад, мақомот ин сокини деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшони Бадахшонро шиканҷа кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки мақомоти амниятӣ ва инзомии кишвар 31-уми майи соли ҷорӣ дар пайи як “амалиёти махсус” гурӯҳе аз сокинони Рӯшон, аз ҷумла Ёдгор Ғуломҳайдаровро ба қатл расонда буд.

Ин бори аввал нест, ки мақомоти тоҷик пайвандону наздикони фаъолони сиёсиву маданӣ ва ё раҳбарони мардумии Бадахшонро боздошт ва барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон мекунанд ва ё ҳатто баъзеро ба қатл мерасонанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қирғизистон 170 хонаи аз Тоҷикистон гирифтаашро ба сокинон тақсим мекунад

Қирғизистон 170 хонаеро, ки аз Тоҷикистон гирифта буд, ба сокинонаш тақсим мекунанд.

Ҳукми абади ду нафар барои қатли Маннон Содиқов

Додгоҳи вилояти Суғд ду сокини шаҳри Исфараро бо иттиҳоми қатли узви пешини ҲНИТ ба ҳабси умрбод маҳкум кард.

Ҳамла ба полойишгоҳи бузурги Русия дар пасманзари камбуди сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин полойишгоҳҳои Русия дар шаҳри Киришии вилояти Ленинград мавриди ҳамлаи паҳподӣ қарор гирифта, дар он оташсӯзӣ рух дод.

Дар Самара пардохтҳои муҳоҷирон зиёд мешавад: акнун барои фарзандон ҳам маблағ месупоранд

Думаи вилояти Самараи Русия тағйиротеро қабул кардааст, ки аз соли 2027 афзоиши пардохтҳои муҳоҷирон ва пардохти иловагӣ барои фарзандони ҳамроҳашонро пешбинӣ мекунад.