Панҷумин умраи Эмомалӣ Раҳмон

Субҳи имрӯз ҳайати Ҳукумати Тоҷикистон, ки бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ба Арабистони Саудӣ рафта буданд, ба зиёрати Хонаи Худо рафтанд.

Бино ба иттилои расмӣ, субҳи имрӯз, 19-уми июли соли 2023 Эмомалӣ Раҳмон дар раъси ҳайати Тоҷикистон аз шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ барои анҷоми маносики Умра вориди шаҳри Маккаи Мукаррама шуд.

Ин ҳайат пас аз анҷоми маносики ҳаҷҷи Умра дубора ба шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ баргашт, то дар нахустин Нишасти сарони кишварҳои арабии Халиҷ ваОсиёи Марказӣ ширкат кунанд.

Гуфта мешавад, аз замони ба қудрат расидани Эмомалӣ Раҳмон то кунун вай ба сурати расмӣ 6 маротиба ба Арабистони Саудӣ сафар карда ва дар ин муддат 5 маротиба ибодати Умраро ба ҷо овардааст.

Ин дар ҳолест, ки 27-уми июни соли ҷорӣ дар паёми идонааш ба муносибати Иди Қурбон гуфта буд: “Вақтҳои охир ҳангоми ба ҷо овардани маросиму маъракаҳо ва расму ойинҳои динӣ, аз ҷумла анҷом додани маносики ҳаҷ баъзе ҳамватанони мо зиёдаравӣ ва намоишкорӣ карда, зиёрати хонаи Худоро ба як навъ мусобиқаи оилавӣ ва авлодӣ табдил дода, чандин маротиба ба ҳаҷ, аз ҷумла ба ҳаҷҷи умра рафта истодаанд. Чунин рафтор дар ҳоле сурат гирифта истодааст, ки дар зиндагии оилаи аксари онҳо ва шароити хонаву дарашон мушкилоти зиёд вуҷуд доранд.“

Ҷолиб он аст, ки Эмомалӣ Раҳмон пас аз ҳар сафар ва анҷоми ибодати Умра зиддиятҳо ва мухолифату муборизаҳояш алайҳи ислом ва мусалмононро дар дохили кишвар зиёдтар мекунад. Вай борҳо алайҳи занони ҳиҷобдору мардҳои ришдор мавқеъ гирифта, онҳоро аз тариқи расонаҳои давлатӣ таҳқир ва таҳвин карда, рафтани ҷавонони то 18-сола ба масоҷидро манъ кардааст.

Инчунин рафтани афроди то 45-соларо ҳам ба ҳаҷҷи фарзӣ маҳдуд кардааст. Тибқи гузориши ахири Созмони Милали Муттаҳид, айни замон дар зиндонҳои Тоҷикистон зиёда аз 14 ҳазор зиндонӣ вуҷуд дорад, ки онҳоро чеҳраҳои шинохтаи ҷомеа ва афроди мусалмон ташкил медиҳанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қирғизистон 170 хонаи аз Тоҷикистон гирифтаашро ба сокинон тақсим мекунад

Қирғизистон 170 хонаеро, ки аз Тоҷикистон гирифта буд, ба сокинонаш тақсим мекунанд.

Ҳукми абади ду нафар барои қатли Маннон Содиқов

Додгоҳи вилояти Суғд ду сокини шаҳри Исфараро бо иттиҳоми қатли узви пешини ҲНИТ ба ҳабси умрбод маҳкум кард.

Ҳамла ба полойишгоҳи бузурги Русия дар пасманзари камбуди сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин полойишгоҳҳои Русия дар шаҳри Киришии вилояти Ленинград мавриди ҳамлаи паҳподӣ қарор гирифта, дар он оташсӯзӣ рух дод.

Дар Самара пардохтҳои муҳоҷирон зиёд мешавад: акнун барои фарзандон ҳам маблағ месупоранд

Думаи вилояти Самараи Русия тағйиротеро қабул кардааст, ки аз соли 2027 афзоиши пардохтҳои муҳоҷирон ва пардохти иловагӣ барои фарзандони ҳамроҳашонро пешбинӣ мекунад.