Парвандаи вакили дифоъ ба СММ роҳ ёфт

Парвандаи Саиднуриддин Шамсиддинов, вакили мудофеи зиндонии тоҷик барои баррасӣ ба Созмони Миллали Муттаҳид роҳ ёфт. Дар ин бора созмони

Тавре дар хабар гуфта мешавад, 21-уми апрели соли ҷорӣ созмони Freedom Now ва Proskauer Rose LLP парвандаи Саиднуриддин Шамсиддинов, вакили мудофеи зиндонии тоҷикро ба Гурӯҳи кории Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар мавриди боздоштҳои худсарона фиристодаанд.  

Дар муроҷиати ин созмонҳо гуфта мешавад, ки Шамсиддинов аз ҳаққи қонунии худ барои озодии баён истифода кардааст ва боздошти ӯ аз сӯи мақомоти тоҷик нақзи эъломияҳои ҷаҳонии ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ аст.

Ин созмонҳо иттиҳомоти нисбати Шамсиддинов эълоншударо сохта ва беасос хонда, зиндонӣ шудани ӯро ба фаъолиятҳояи зиддикоррупсионӣ ва ба фаъол буданаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ рабт додаанд.

Ба навиштаи Радиои Озодӣ, Адам Ледмат, як масъули созмони Freedom Now, дар эъломияе гуфтааст, ки “Мо бовар дорем, Гурӯҳи кории СММ дар мавриди боздоштҳои худсарона ба ин натиҷа хоҳад расид, ки ҳуқуқи асосии вай поймол шудааст ва ӯ бояд фавран озод шавад.”

Саиднуриддин Шамсиддинов, ки пештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз беадолатӣ ва ришваситонии мақомоти додгоҳии ноҳияи Вахш мегуфт, 25-уми декабри соли 2020 додгоҳ ӯро бар асоси ҳафт моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла харидуфурӯши замин, қаллобӣ ва паҳн кардани маълумоти дурӯғ гунаҳкор донист ва ба 8,5 соли зиндон маҳкум кард. Дар моҳи ноябри соли 2021 ӯро ба ҳамкорӣ бо “Гурӯҳи 24” муттаҳам намуда, ба ҳукмаш боз 8 моҳи дигар илова карданд.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” бо пахши баёния ҳамкорӣ ё робита доштани Саиднуриддин Шамсиддиновро бо ин созмон рад карда буд.

Худи Шамсиддинов сабаби ба чунин ҳолат гирифтор шуданашро танҳо дар навиштани ҳақиқат нисбати амалҳои ғайриқонунии додситони ноҳияи Вахш ва дигар мақомоти вилояти Хатлон дониста, парвандаро фармоишӣ гуфта буд.

То имрӯз Гурӯҳи кории СММ дар мавриди боздоштҳои худсарона аз ҳукумати Тоҷикистон раҳоии чанд тан аз зиндониёни сиёсӣ, аз ҷумла Маҳмадрӯзи Искандандаров, вакили дифои шинохта Бузургмеҳр Ёров, Зайд Саидов, Мақсуд Иброҳимов ва 13 тан аз раҳбарони зиндонии ҲНИТ-ро хоста буд. Аммо мақомоти тоҷик то ҳол ба ҳеч як аз ин дархостҳои Гурӯҳи кории СММ дар мавриди боздоштҳои худсарона посухи мусбат надодаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Умар Кремлёв кист? Аз робита бо оилаи Трамп то ҳамкорӣ бо Душанбе

Номи Умар Кремлёв, раиси Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA), баъди нашри таҳқиқоти нашрияи амрикоии ProPublica дубора дар маркази таваҷҷуҳи расонаҳо қарор гирифт.

Шикояти сокинони Душанбе аз ронандагони “Ҷӯра таксӣ”

Сокинони пойтахт аз беэҳтиромии ронандагони "Ҷӯра таксӣ" ба мусофирон, дашномдиҳӣ ва дигар мушкилот шикоят мекунанд.

Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Амрико пас аз раҳоӣ аз ҳабс

Маъмурони муҳоҷирати Амрико як шаҳрванди Тоҷикистонро, пас аз раҳо шудан аз боздошт дар Филаделфия дастгир карданд.

Сеул бори аввал раҳбарони Осиёи Марказиро гирди як миз ҷамъ меорад

Дар Сеул барои бори аввал нишасти якҷояи Кореяи Ҷнубӣ бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад.