Парвандаи Саидаминӣ ба поён расида ва ба додгоҳ фиристода шуд

Тафтиши парвандаи рӯзноманигори тоҷик Завқибек Саидаминӣ ба поён расида, барои эълони ҳукми он ба Додгоҳи Исмоили Сомонӣ фиристода шудааст.

Тавре Радиои Озодӣ хабар дод, мақомот рӯзноманигор Завқибек Саидаминиро дар ҳамкорӣ бо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва “Гурӯҳи 24” муттаҳам кардаанд. Аммо худаш борҳо ин иттиҳомотро рад карда, таъкид кардааст, ки ба ҳеч ҳизбу гурӯҳе иртибот надорад.

Гуфта мешавад, мақомот ин рӯзноманигори тоҷикро мутобиқи қисми 2-и моддаи 307 (нишонаи 3) гунаҳкор эълон кардаанд. Ва ин банди қонун аз 5 то 8 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Дар ҳамин ҳол модари Саидаминӣ гуфтааст, ки писарашро се моҳ боз надидааст. “Рӯзи шанбеи гузашта ба қабули вазири корҳои дохилӣ рафтам. Гуфтанд, дигар имкони вохӯрӣ нест, чун парванда ба Суд рафтааст. Ба Суд ҳам рафтем, тамоман қабул накарданд,” – афзуд ӯ.

Мақомот дар ҳоле ин рӯзноманигоронро дар ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои мухолифин айбдор мекунанд, ки пас аз боздошти онҳо ҳам ҲНИТ ва ҳам “Гурӯҳи 24” эълон карданд, ки бо онҳо ҳеч робитае надоранд ва ҳечгоҳ узви ин гурӯҳҳои мухолиф набуданд.

Бобоҷон Қаюмов, сухангӯи ҲНИТ дар суҳбат ба Azda tv гуфта буд, ки боздошт ва ба ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои мухолиф муттаҳам кардани рӯзноманигорон кори сохтаи мақомот аст ва онҳо инро баҳона карда, дар оянда дилхоҳ шахсро бо ин туҳматҳо боздошт ва ба солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон мекунанд. Дар ҳоле, ки ҲНИТ аз соли 2015 ба ин тараф на дар Тоҷикистон ва на дар ҳеч як аз кишварҳои Осиёи Марказӣ фаъолият надорад.

Мақомоти Тоҷикистон дар пайи як амалиёти махсус тобистони соли ҷорӣ чанд рӯзноманигор, аз ҷумла Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ки дирӯз ба 7.5 соли зиндон маҳкум шуд, Далери Имомалӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Завқибек Саидаминӣ ва чанд нафари дигарро боздошт карданд.

Боздошти ин рӯзноманигорони тоҷикро созмонҳои ҳуқуқӣ ва ҳимояи рӯзноманигорон маҳкум карда, борҳо озодии бечуну чарои онҳоро аз Ҳукумати Тоҷикистон талаб карданд, вале мақомоти тоҷик мисли ҳамеша ин дархостҳоро нодида гирифт.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон дар миёни кишварҳои ОМ пасттарин иқтисодро дорад

Тоҷикистон дар миёни панҷ кишвари Осиёи Марказӣ яке аз хурдтарин иқтисодҳоро дорад.

Тарс аз таҳримҳо: Бонки “Ҳумо” суратҳисоби русҳоро мебандад

Бонки "Ҳумо"-и Тоҷикистон ба мизоҷони хориҷии худ, бахусус шаҳрвандони Русия паём фиристода, онҳоро аз маҳдуд ё баста шудани кортҳои бонкиашон аз 1-уми октябр огоҳ кардааст.

Барқи офтобӣ барои 64 ҳазор аҳолии Бадахшон: “лимит” аз байн меравад?

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чандин иншооти нави энергетикӣ, аз ҷумла нерӯгоҳҳои офтобӣ, бодӣ ва обӣ, зеристгоҳ ва хатти нави интиқоли барқ ифтитоҳ шуд.

Кишварҳои ИА барои таҳияи механизми бозгардонии муҳоҷирон мувофиқат карданд

Вазирони корҳои дохилӣ ва муҳоҷирати 18 кишвари аврупоӣ ба таҳияи механизми нави вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар марзҳои берунии Иттиҳоди Аврупо мувофиқат карданд.