Пас аз ҳамлаи Исроил ба Эрон оё танишҳо дар минтақа афзоиш меёбад?

Бомдоди рӯзи шанбе, 26-уми октябри соли ҷорӣ Исроил ба хоки Эрон ҳамлаи мушакӣ кард. Исроил мегӯяд, дар ин ҳамла сомонаҳои дифои ҳавоии Эронро мавриди ҳадаф қарор додааст.

Гуфта мешавад, Исроил бо бештар аз 100 ҷанганда аз хоки Ироқ ба пойгоҳҳои низомии Эрон ҳамла кард. Мақомоти Эрон мегӯянд, ҳамлаи ҳавоии Исроил ба пойгоҳҳои низомӣ дар Теҳрон, Хузистон ва Илом сурат гирифт, ки чандон қавӣ набуд, зарарҳои бисёр андаке расондааст. Ва таъйид мекунанд, ки 4 сарбози эронӣ дар ин ҳамлаҳо кушта шуданд.

Аммо Исроил иддао мекунад, ки дар ин ҳамла махсус пойгоҳҳои низомӣ, сомонаҳои дифои ҳавоӣ ва корхонаҳои сохти мушакиро маврид ҳадаф қарор дод, ки ҳоло сомонаҳои дифои ҳавоии Эронро куллан аз кор баровардааст ва ҳаддиақал як сол вақт мехоҳад, ки ин кишвар битавонад дубора сомонаҳои дифои ҳавоии худро барқарор кунад.

Коршиносон бар ин назаранд, ки агарчи мақомдорони эронӣ мегӯянд, ба ин ҳамла посух хоҳанд дод, вале аз оҳанги суҳбатҳо фаҳмида мешавад, ки Эрон дар марҳилаи кунунӣ ба Исроил посух доданӣ нест ва намехоҳад муноқиша идома пайдо кунад.

Ҳамзамон хабаргузории “Ройтерз” аз қавли як коршиноси исроилӣ низ менависад, ки “Чунин ҳамла баёнгари он аст, ки Исроил мехоҳад ба Эрон паём бидиҳад, ки мо мехоҳем ин масъаларо бибандем ва дигар ҳаминҷо тамом шавад ва намехоҳем даргириҳо шиддат ёбад.”

Танишҳо байни Эрон ва Исроил пас аз 7-уми октябри соли гузашта тезу тунд шуд. Хусусан пас аз ҳамлаи Исроил ба консулгарии Эрон дар Сурия ва баъдан куштани Исмоил Ҳаниа, раҳбари сиёсии ҲАМОС дар Теҳрон ва инчунин террори Ҳасан Насруллоҳ Эрон 1-уми октябри соли ҷорӣ бо наздики 200 мушак Исроилро бомборон кард. Ҳоло нигарониҳо дар мавриди шаклгирии як ҷанги густардаи минтақаӣ, ки метавонад пои қудратҳои ҷаҳониро ҳам бикашад ва манобеи энержии ҷаҳонро зери хатар бибарад, афзоиш ёфтааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қирғизистон 170 хонаи аз Тоҷикистон гирифтаашро ба сокинон тақсим мекунад

Қирғизистон 170 хонаеро, ки аз Тоҷикистон гирифта буд, ба сокинонаш тақсим мекунанд.

Ҳукми абади ду нафар барои қатли Маннон Содиқов

Додгоҳи вилояти Суғд ду сокини шаҳри Исфараро бо иттиҳоми қатли узви пешини ҲНИТ ба ҳабси умрбод маҳкум кард.

Ҳамла ба полойишгоҳи бузурги Русия дар пасманзари камбуди сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин полойишгоҳҳои Русия дар шаҳри Киришии вилояти Ленинград мавриди ҳамлаи паҳподӣ қарор гирифта, дар он оташсӯзӣ рух дод.

Дар Самара пардохтҳои муҳоҷирон зиёд мешавад: акнун барои фарзандон ҳам маблағ месупоранд

Думаи вилояти Самараи Русия тағйиротеро қабул кардааст, ки аз соли 2027 афзоиши пардохтҳои муҳоҷирон ва пардохти иловагӣ барои фарзандони ҳамроҳашонро пешбинӣ мекунад.