25.9 C
Dushanbe

Пас аз зилзила сели харобиовар дар Туркия

Бо сабаби бориши зиёди борон дар бархе аз шаҳрҳои Туркия, ки чанде пеш бар асари зилзилаи сахт зарар дида буданд, сели шадид ҷорӣ шуда, 15 кас кушта ва чандин нафари дигар захмӣ шуданд.

Бар асари борондагии шадид ва ҷорӣ шудани сели харобиоваре рӯзи 15-уми марти соли ҷорӣ дар шаҳрҳои Шонлиурфа ва Одямони Туркия чандин хонаву маконҳои зист вайрону валангор шуданд.

Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, сели шадид дар ҳоле ин минтақаҳоро хароб кард, ки бархе сокинони аз зилзилаи аввали моҳи феврал зарардида ҷузъи қурбониёни мусибати дирӯза ҳастанд. Қисме аз онҳо то имрӯз дар “контейнерҳо” зиндагӣ мекардаанд.

Дар наврҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ чарх мезанад, дида мешавад, ки сел чунон қавӣ аст, одамон, мошинҳо ва ҳатто хонаҳоро канда валангор мекунад.

Мақомоти шаҳри Шонлиурфа ба расонаҳо гуфтанд, ки ин шаҳр ҳаргиз чунин сели харобиовареро дар худ надида буд. Аз сокинони шаҳр хоста шуда, ки муваққатан хонаҳои худро холӣ кунанд.

Ин фоҷиаи бузург дар ҳоле рух медиҳад, ки субҳи 6-уми феврали соли ҷорӣ дар чанде аз шаҳрҳои Туркия заминларзаи шадид бо қуввати 7,8 балл мувафиқи ҷадвали Рихтер рух дод, ки дар натиҷа беш аз 48 ҳазор нафар кушта ва ҳазорҳо нафари дигар беному нишон гаштанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Иқомаи як муҳоҷири тоҷик дар Русия бекор шуд

Пулиси шаҳри Самараи Федератсияи Русия иқомаи доимии як шаҳрванди Тоҷикистонро бекор кард.

Режаи ҳарбӣ дар Майдони Сурхи Маскав ва намоиши паҳподҳои эронӣ

Имрӯз, 9-уми май дар Майдони Сурхи шаҳри Маскав режаи ҳарбӣ бахшида ба 80-умин солгарди пирӯзии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор гардид.

Мақомоти Рашт: То девори мактаб чаппа нашавад, таъмир намекунем

Мақомот дар ноҳияи Рашт ба масъулини як мактаби хурде, ки дар ҳолати садавамӣ қарор дорад, гуфтаанд, то деворҳояш фурӯ нарезад, онро таъмир намекунанд.

Собиқ раиси Конибодом зиндонӣ шуд

Собиқ раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.