“Патент”-и Русияро аз Душанбе бигир. Муҳоҷират ба Русия осонтар шуд?

Дар шаҳри Душанбе 9-уми ноябри соли ҷорӣ “Маркази сершуғли муҳоҷират”-и Маскав ифтитоҳ ёфт. Ин марказ кори нафаронеро, ки мехоҳанд барои муҳоҷират ба Маскав ва атрофи он сафар кунанд, осон мекунад.

Акс аз сомонаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон

Гуфта мешавад, дар маросими ифтитоҳи ин марказ муовини вазири меҳнати Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ, муовини раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим ва аз ҷониби Русия намояндагони мақомоти ваколатдор дар соҳаи муҳоҷират ҷонишини раиси ҳукумати Русия Алексей Логвинович Оверчук, Сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев ва дигарон иштирок доштанд.

Ба гузориши Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ифтитоҳи намояндагии Маркази сершуғли муҳоҷират “ба шаҳрвандони мо барои кори муваққат дар шаҳри Москва ва вилояти он мусоидат намуда, ба онҳо имкон медиҳад, ки дар қаламрави Тоҷикистон бастаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба монанди бақайдгирии муҳоҷирати, бокортаъминшавӣ дар шаҳри Москва ва вилояти он омода намоянд.”

Гуфтанист, шаҳрвандоне, ки мехоҳанд ба Маскав ва вилоятҳои он барои кор сафар кунанд, метавонанд баъзе асноди худро пеш аз сафар омода карда, барои гирифтани “Патент” ба ин марказ пешниҳод кунанд ва сипас худи ҳуҷҷати иҷозати кориро аз Маскав аз идораҳои дахлдор рафта мегиранд.

Корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ мепурсанд, ки оё ин марказ ба монанди марказҳо ва фаъолиятҳои дигари байни ҳукуматҳо корро барои муҳоҷирон дар ҳақиқат осон мекунад ва ё як “биснези” байни ҳукуматҳосту муҳоҷир боз ҳам дар азоб?

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Хадамоти муҳоҷират аз ҷамъоварии пул барои кумакҳо ҳушдор дод

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, бархе афрод ва бунёдҳои қалбакӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо нашри аксу наворҳои сохта аз мардум пул ҷамъ мекунанд.

Демократҳо дар интихоботи миёндавраии ИМА пешсаф шуданд

Ҳизби демократи Амрико бо пирӯзии аксарият бар ҷумҳурихоҳони ин кишвар дар ҳарду палатаи Конгресс ғолиб омаданд.

Вазорати мудофиа: Беш аз 97 дарсади нақшаи даъвати тирамоҳӣ иҷро шуд

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон рӯзи 2-юми ноябр хабар дод, ки дар моҳи аввали даъвати тирамоҳӣ беш аз 97 дарсади нақшаи даъвати сарбозон ба артиш иҷро шудааст.

Тоҷикистон 100 миллион доллар аз САСР қарз гирифт

Тоҷикистон бахши аввали қарзи 200-миллиондолларии Сандуқи авруосиёии суботу рушд (САСР)-ро дарёфт кард.