Акс: ИнтернетСурат: Фейсбук Рӯзи 8 октябр як узви гурӯҳи “Авангард”, ки гуфта мешавад тобеи ВКДТ аст, бо номи Муборакшоҳ Камолзода дар саҳифаи фейсбукаш аз пешвозгирии бо тантана аз ҷониби масъулони ноҳияи Зафаробод хабар додааст. Номбурда зимни нашри ин хабар чанд аксеро низ гузоштааст, ки дида мешавад, ҷавондухтарон дар даст нон ва идда ҳам дастҳо пеши […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Акс: ИнтернетСурат: Фейсбук
Рӯзи 8 октябр як узви гурӯҳи “Авангард”, ки гуфта мешавад тобеи ВКДТ аст, бо номи Муборакшоҳ Камолзода дар саҳифаи фейсбукаш аз пешвозгирии бо тантана аз ҷониби масъулони ноҳияи Зафаробод хабар додааст.
Номбурда зимни нашри ин хабар чанд аксеро низ гузоштааст, ки дида мешавад, ҷавондухтарон дар даст нон ва идда ҳам дастҳо пеши бар ва бо мусиқию ташрифоти расмӣ, айнан бо шеваи пешвозгирии раисҷумҳур аз ин ҳайати ин гурӯҳ пешвоз мегиранд.
Интишори ин хабар вокунишҳои тундеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овардааст. Аксари корбарон аз ин шеваи пешвозгирии гурӯҳи “Авангард” ба шиддат интиқод намуда, онро худнамоӣ ва тақлиди беасос ном бурдаанд. Бархе гуфтаанд, ки духтарони мардумро барои пешвози раисҷумҳур бо либосҳои атлас дар ҳавои сард маҷбурӣ мебароварданд кам набуд, ки боз ин мардум духтаронашонро барои пешвози ин гурӯҳ фиристанд.
Корбарон кори масъулони ноҳия ва ВКД-ро ба интиқод намуда, пурсидаанд, ки ин гурӯҳ чӣ вазифаро иҷро мекунад ва чӣ қаҳрамоние кардаанд, ки бо ин шакл дабдабанок пешвоз гирифта мешаванд? То ҳол дар баробари вокуниши мардум мақомоти кишвар расман чизе нагуфтаанд.
Ин дар ҳолест, ки борҳо аз шакли пешвозгирии дабдабаноки раисҷумҳур шикоятҳо нашр мешуд ва худи Эмомалӣ Раҳмон боре ба пешвозгириҳо ишора карда гуфта буд, ки бояд пешвозгириҳояш одӣ ва бе сарфу харҷи зиёдатӣ бошанд, аммо дар ин чанд ҳафтаи ахир, ки Раҳмон ба минтақаҳои кишвар сафарҳо дошт, дида мешуд, ки пешвозгириҳо ранги тоза гирифта дабдабаноктар шудаанд.
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Омор
Захира ё дастрасии техникӣ барои мақсади қонунии фаъол кардани хидмати мушаххас, ки корбар ошкоро дархост кардааст, ё танҳо барои интиқоли иттилоот тавассути шабакаи иртиботи электронӣ ҳатмист.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.