10 C
Dushanbe

Писарро барои беиҳтиромии модараш зиндонӣ карданд

Акс аз сомонаи РВКД шаҳри Душанбе

Сокини 35 солаи шаҳри Душанбе Аҳмад Караевро барои беэҳтироми нисбати модарараш бо қарори  додгоҳ   10 рӯз  ба ҳабс гирифтаанд. Дар ин бора Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе  гуфтааст,  Қараев дар ҳолати мастӣ    дар назди ҳамсоягон бо модараш муноқиша намуда бо садои баланд дашному ҳақоратҳои  қабеҳ кардааст.

Ҳамчунин дар сомонаи расмии Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе   гуфта шудааст, ин ҷавон бо ин амали худ, шаъну шарафи модар ва тартиботи ҷамъиятиро вайрон карда оромии сокинонро халалдор намудааст.

Нисбати  Қараев Аҳмад бо моддаи 460 парвандаи маъмурӣ (майдаавбошӣ)  тартиб дода шуда, бо қарори додгоҳ ба муҳлати 10 шабонарӯз  ба ҳабс  гирифта шудааст.

Раёсати умиури дохилии шаҳри Душанбе  гуфтааст: “Нисбати афроде, ки ба волидайни худ беэҳтиромӣ зоҳир намуда онҳоро мавриди озор қарор медиҳанд, тибқи қонунгузорӣ ҷазо пешбинӣ шудааст”.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Узрхоҳии фармондеҳи Толибон аз Тоҷикистон

Фармондеҳи низомии Толибон Амнуддини Мансур, ки чанд рӯз пеш дар наворе дар бораи ҳуҷум ба Тоҷикистон мегуфт, аз ҳукумати Тоҷикистон узрхоҳӣ кард.

Аврупо дар Тоҷикистон 3 млн евро маблағгузорӣ мекунад

Намояндагии Иттиҳидои Аврупо дар Тоҷикистон як паноҳгоҳ ва чанд иншоот барои истифода дар ҳолатҳои фавқулода месозад.

Имзои созишномаи марзӣ, кушодашавии гузаргоҳҳо ва азсаргирии парвозҳо

Роҳбарони Тоҷикистон ва Қирғизистон созишномаи ниҳоӣ дар бораи марзи давлатии ду кишварро имзо карданд.

Боздошти беш аз 20 зодаи Язгулом дар Душанбе

Мақомоти Тоҷикистон беш аз 20 сокини маҳаллаи "Дарвоз"-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанберо боздошт кардаанд.