9.9 C
Dushanbe

ПМТ даргириҳои марзиро маҳкум кард

Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) бо нашри як баёния ба наздикону пайвандони ҷонбохтагон тасаллият гуфта, раҳбарияти Тоҷикистон ва Қирғизистонро ба даст доштан дар ҳодисаҳои ахир муттаҳам кардааст.

Дар ин баёнияи ПМТ, ки субҳи имрӯз, 19-уми сентябри соли 2022 нашр шуд, омадааст: “Паймони Миллии Тоҷикистон задухӯрдҳои мусаллаҳона байни нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва Қирғизистонро, ки боиси талафоти зиёди ҷонӣ ва моддӣ аз ҳарду ҷониб гашт, шадидан маҳкум менамояд. Инчунин аз эълони оташбас ва талошҳои ҳарду ҷониб барои ба эътидол овардани вазъ пуштибонӣ менамояд.”

Ин эътилофи мухилифини Тоҷикистон “аз роҳбарони ду кишвар қотеъона талаб мекунад, ки ба бозӣ кардан бо тақдир ва таърихи ду миллати бародар хотима бидиҳанд ва ҳарчи зудтар нақшаи роҳи мушаххасро барои ҳалли ин қазия пешниҳод намоянд. Зеро маълум аст, ки дар чунин кишварҳои авторитарӣ роҳи ҳалли масоил танҳо дар дасти роҳбарони худкома аст, на сарбозу афсарон ва на мардуми бесилоҳи марзӣ.”

Ҳамзамон Паймони Миллии Тоҷикистон таъкид мекунад, ки “дар шароити асабоният ва боло рафтани шиорҳои аввомгароёнаи “ватандӯстӣ” бояд “нерӯҳои солим ва воқеаан ватандӯсти ҳарду кишвар” натарсида мардумро ба “хештандорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ” даъват кунанд.

Гуфта мешавад, ҳодисаҳои хунини рӯзҳои 14-17-уми сентябри соли ҷорӣ, ки дар минтаҳои наздимарзии Тоҷикистон ва Қирғизистон рух дод, аз ҳарду ҷониб зиёда аз 120 кушта ва садҳо нафар захмӣ ба ҷо гузоштааст. Дар ин ҳодиса ҳар ду ҷониб якдигарро ба оғози даргириҳои мусаллаҳона ва шиддат бахшидани доманаи низоъҳои наздисарҳадӣ муттаҳам мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вакилони рус мехоҳанд муҳоҷирони бештареро ихроҷ кунанд

Рӯйхати моддаҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ ё муҳоҷиронро пешбинӣ мекунад, метавонад қариб ду баробар зиёд шавад.

Шаҳрванди Тоҷикистон дар Лондон муттаҳам ба озори ҷинсӣ шуд

Додгоҳе дар шаҳри Лондони Британия як шаҳрванди Тоҷикистонро барои озори ҷинсии духтари 13-сола гунаҳкор донист.

Тоҷикистон дар як ҳафта 19 тонна гӯшти мурғ аз Русия ворид кардааст

Тоҷикистон дар давоми 5 рӯз 19 тонна гӯшти мурғ аз Русия вориди бозори худ кардааст.

Вазири Толибон донишҷӯи узбекро барои кӯлоҳи суннатияш зад

Як донишҷӯи узбектабори Афғонистон иддао карда, ки ӯро вазири таҳсилоти олии ҳукумати Толибон ба хотири доштани тоқӣ ба рӯяш шаппотӣ задааст.