ПМТ: Хомӯшии ҳукумати Раҳмон сабаби густариши фишорҳо болои муҳоҷирон аст

Эътилофи Паймони миллии Тоҷикистон бо нашри изҳороте боздошту латтукӯби бераҳмонаи шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки чанд рӯзи ахир аз ҷониби мақомоти Русия шиддат гирифтааст, макум кард.

Ин эътилофи гурӯҳе аз мухолифин дар хориҷ аз кишвар амалкарди мақомоти Русияро, ки аз ҳама бештар алайҳи муҳоҷрони тоҷик равона шудааст, “ҷинояти ғайриинсонӣ” хондааст.

Дар изҳороти ПМТ хомӯшӣ ва адами вокуниши ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонро омили аслии рафторҳои ғайриинсонии мақомоти рус нисбати муҳоҷирони тоҷик дониста, бархӯрди нерӯҳои интизомии ин кишварро “кирдорҳои репрессивӣ ва табъизомез, дуруст мисли рафтори нозиҳо бо яҳудиён ва асирони ҷангӣ” номидааст.

“Қобили зикр аст, тоҷикистониҳо, бахусус донишҷӯён ва муҳоҷирони корӣ, бар асоси қонун ва мутобиқ бар низоми рафтуои бераводид ва дигар меъёрҳои таъйиднамудаи Русия, ки ба будубоши шаҳрвандони кишварҳои ИДМ дар ин кишвар иҷозат медиҳад, ба сар мебаранд.”, омадааст дар изҳорот.

Паймони миллии Тоҷикистон дар изҳороти худ аз мақомоти Русия хостааст, ки “аз қонуншикании нафратовар ва ғайриқобили қабул алайҳи шаҳрвандони Тоҷикистон ва нақзи ошкори ҳуқуқи башар” даст бикашанд ва боздоштҳои бесабабро поён диҳанд.

“Мо хоҳони он ҳастем, ки режими Эмомалӣ Раҳмон иззату обрӯи боқимондаи миллиро дар худ биёбад ва аз шаҳрвандони худ, ки ноновари кишвар ҳастанд муҳофизат ва касонеро, ки мехоҳанд, ба ватан баргардонад ва барояшон шуғли муносиб фароҳам созад ва бад-ин васила онҳоро аз истихдоми иҷборӣ ва марги бемаънӣ дар ҷанги Украина наҷот диҳад.“, таъкид мешавад дар изҳорот.

Пайомони милии Тоҷикистон мегӯяд, масъулияти ин ҳама мушкилоти муҳоҷирони тоҷик, ба монанди озору азият ва ҳатто кушта шудани онҳо “байни режими диктатории Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти Русия ба таври баробар тақсим мешавад.”

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тамдиди мораторияи санҷиши соҳибкорон то соли 2029

Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки санҷиши фаъолияти соҳибкорони хурду миёна то 1-уми январи соли 2029 маҳдуд карда шавад.

Трамп: Ҷанг бо Эрон ба зудӣ поён меёбад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, мегӯяд, ҷанг бо Эрон ба зудӣ поён меёбад, аммо муҳлати мушаххасеро эълон накард.

Тоҷикистон ҳамлаҳои ҳусиҳо ба Арабистони Саудиро маҳкум кард

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот рӯзи 14-уми сентябр ҳамлаҳои ҳусиҳо ба зерсохторҳои Арабистони Саудиро маҳкум кард.

Идомаи таъқибу фишори Муҳаммад Султон пас аз озод шуданаш аз зиндон

Рӯзноманигори собиқи тоҷик ва полковники мустаъфӣ Мамадсултон Мавлоназаров, аз идомаи таъқибу фишор пас аз озод шуданаш аз зиндон хабар дод.