Президенти Қирғизистон “Головной”-ро навсозӣ мекунад

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ҳангоми боздид аз Бодканд ба мақомоти дахлдори давлатӣ амр додааст, ки обанбори “Головной”-ро, ки сабаби сар задани задухӯрд дар марз бо Тоҷикистон шуд, навсозӣ кунанд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Президенти Қирғизистон хабар дод.

“Пас аз сафар Президент ба мақомоти дахлдори давлатӣ дастур дод, ки ҳолати техникии обанборро навсозӣ кунанд”, – омадааст дар хабар.

Тибқи иттилои хадамоти матбуот, Ҷабборов дар ҷараёни сафараш ба вилояти Бодканд, ба ҷуз аз обанбор, аз полигони низомии Буҷум низ дидан карда, бо хизматчиёни ҳарбӣ суҳбат намудааст.

Президенти Қирғизистон дар ин суҳбаташ гуфтааст,  ки “давлат тамоми ӯҳдадориҳои иҷтимоии худро дар назди қувваҳои мусаллаҳ иҷро мекунад ва роҳбарияти кишвар минбаъд низ ба ҳалли масъалаҳои мавҷудаи сохторҳои қудратӣ диққати махсус медиҳад”.

Ҳамчунин тибқи иттилои хадамоти матбуот, Ҷабборов ҳангоми сафар ба вилояти Бодканд, барои сохтмони шаҳраки низомӣ дар вилояти Лейлек капсула гузошт.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Чин хостори густариши ҳамкориҳои амниятӣ ва иқтисодӣ бо Тоҷикистон аст

Сарвазири Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Чян рӯзи душанбе бо раисҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидор кард.

Нишасти СҲШ дар Душанбе: кадом масъалаҳо баррасӣ мешаванд?

Рӯзҳои 19–20-уми октябри соли 2026, дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарвазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) баргузор мешавад.

Дар пайи нооромиҳо дар Фаронса маҳдудияти шабгардӣ ҷорӣ шуд

Ҳукумати Фаронса пас аз нооромиҳои хиёбонӣ рӯзҳои истироҳат барои ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои маҳаллии шабгардӣ дастур додааст.

Бонки рушди Осиё барои “Роғун” 500 миллион доллар ҷудо мекунад

Бонки рушди Осиё нақша дорад барои сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" 500 миллион доллар ҷудо кунад. Аз ин маблағ 200 миллион доллар грант ва 300 миллион доллар қарзи имтиёзнок пешбинӣ шудааст.