Президенти Русия Владимир Путин бо сафари корӣ озими шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон мешавад. Акс: Интернет Имрӯз, 28-уми июни соли 2022, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дода, ки Владимир Путин, Президенти Федератсияи Русия ба Тоҷикистон сафар мекунад. Ба иттилои манбаъ, дар назар аст дар ин сафар сарони Тоҷистону Русия бо ҳам мулоқот карда, дар бораи бархе […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Президенти Русия Владимир Путин бо сафари корӣ озими шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон мешавад.
Акс: Интернет
Имрӯз, 28-уми июни соли 2022, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дода, ки Владимир Путин, Президенти Федератсияи Русия ба Тоҷикистон сафар мекунад.
Ба иттилои манбаъ, дар назар аст дар ин сафар сарони Тоҷистону Русия бо ҳам мулоқот карда, дар бораи бархе “масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод ва фарҳангию гуманитарӣ” табодули назар кунанд.
Гуфта мешавад, пас аз оғози ҳамлаҳои Русия ба Украина ба рӯзи 24-уми феврали соли ҷорӣ ин нахустин сафари хориҷии Президенти Русия аст, ки анҷом мешавад. Ва тибқи барномаи сафар Путин пас аз дидору мулоқот бо Президенти Тоҷикистон барои мулоқот бо Президенти Туркманистон озими Ашқобод хоҳад шуд.
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Омор
Захира ё дастрасии техникӣ барои мақсади қонунии фаъол кардани хидмати мушаххас, ки корбар ошкоро дархост кардааст, ё танҳо барои интиқоли иттилоот тавассути шабакаи иртиботи электронӣ ҳатмист.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.