9.9 C
Dushanbe

Раиси ҷамоатро бо иттиҳоми порагирӣ дастгир карданд

Раиси ҷамоати шаҳраки Исфараро ба гумони гирифтани пора дар ҳаҷми 4 ҳазор доллар ба хотири ҷудо намудани қитъаи замин ба як шаҳрванд, аз ҷониби додситонӣ боздошт гардидааст.

Хабаргузориҳо аз раиси ҷамоат М.М ном бурданд, ӯ бо ҳамкорӣ ва миёнаравии як корманди кооперативи тиҷоратии “Суфро Боқиева” аз як устои чӯбтарош барои имзову муҳр ва ҷудо намудани қитъаи замин 5 ҳазор доллари амрикоӣ талаб карда, ҳангоми гирифтани 4 ҳазори он дар утоқи корияш дастгир  гардидааст.

Радиои Озодӣ аз манбааш аз додситонии шаҳри Исфара навишт, ки марди 60 сола устои чӯбтарош буда, барои сохтмони корхонаи кордсозӣ, маводи ороишӣ аз чӯбу тахта ва мағоза барои фурӯши маҳсулоти тайёр ниёз ба қитъаи замин доштааст.

Дар идома зикр гардидааст, ки “Бо вуҷуди он, ки устои чӯбтарош аз раиси ҷамоат, бисёр хоҳиш менамояд, ки азбаски писараш дар муҳоҷирати меҳнатӣ аст, имконияти додани 5 ҳазор долларро надорад, балки метавонад 3 ҳазор доллар диҳад, ӯ розӣ намешавад.

Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон солҳои 2019-2021 “Соли рушди деҳот, саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидаст, ки борҳо аз ҷониби Ҳукумат таъкид шудааст, ки мақомот барои беҳбудии кори ҳунармандони мардумӣ шароит фароҳам созанд.

Дар идома гуфта мешавад, ки нисбати ин нафар додситонии шаҳри Исфара бо моддаи 319–и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, “гирифтани пора”парванда оғоз кардааст. Вале то ҳол назари дастгиршуда ва наздиконаш дар ин маврид дастрас нест.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вакилони рус мехоҳанд муҳоҷирони бештареро ихроҷ кунанд

Рӯйхати моддаҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ ё муҳоҷиронро пешбинӣ мекунад, метавонад қариб ду баробар зиёд шавад.

Шаҳрванди Тоҷикистон дар Лондон муттаҳам ба озори ҷинсӣ шуд

Додгоҳе дар шаҳри Лондони Британия як шаҳрванди Тоҷикистонро барои озори ҷинсии духтари 13-сола гунаҳкор донист.

Тоҷикистон дар як ҳафта 19 тонна гӯшти мурғ аз Русия ворид кардааст

Тоҷикистон дар давоми 5 рӯз 19 тонна гӯшти мурғ аз Русия вориди бозори худ кардааст.

Вазири Толибон донишҷӯи узбекро барои кӯлоҳи суннатияш зад

Як донишҷӯи узбектабори Афғонистон иддао карда, ки ӯро вазири таҳсилоти олии ҳукумати Толибон ба хотири доштани тоқӣ ба рӯяш шаппотӣ задааст.