Раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон зиндонӣ шудани бобои Донаро қонунӣ хонд

Раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон имрӯз 8-уми феврал зимни нишасти хабарии ниҳодаш таъйид карда, ки Дониёр Набиев ба хотири аз масъулини ҲНИТ “маблағ гирифта, ба хонаводаҳои онҳо расондан равонаи зиндон шудааст”.

Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон ин суханашро дар посух ба ҳомиёни ҳуқуқ роҷеъ ба парвандаи маъруфи пирамарди аз 80-сола боло, ки бо номи бобои Дона маъруф аст, ироа кардааст.

Гуфта мешавад, Шоҳиён аз ҳукми додгоҳ нисбат ба Дониёр Набиев ҳимоят карда ва гуфта, ки “синну сол ба шахс иҷозат намедиҳад ҷиноятҳои экстремистӣ содир кунад”.

Ба иддаои Шоҳиён гуноҳи Дониёр Набиев, сокини 80-солаи ноҳияи Рӯдакӣ, ки ба ҳафт соли зиндон маҳкум шудааст, “дар додгоҳ собит шуд”. Шоҳиён ҳамзамон мегӯяд, ки Дониёр Набиев бар асоси моддаи 307, замимаи 3, қисми 2 ё иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ё ташкилоте, ки аз ҷониби додгоҳ қарори манъи фаъолияташ содир шудааст, айбдор мешавад.

Пештар наздикони бобои Дона ва ҳомиёни ҳуқуқ ҳамкории ӯро бо ифротгароён рад карда, гуфтанд, Дониёр Набиев танҳо ба пайвандони зиндониҳое, ки бо ангезаҳои сиёсӣ ҳабс шудаанд, кумак мекард.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар аввали боздошти ин пирамард қазияи ӯро шарҳ намедод. Баъд аз гузашти 4 моҳи боздошт мақомот бо фишори ҳомиёни ҳуқуқ ва фаъолони ҷомеаи маданӣ рӯзи 8-уми январи имсол қазияи ӯро шарҳ дод. Дар шарҳи мақомот гуфта мешуд, ки узви собиқи ҲНИТ бо гуноҳи ифротгароӣ ва кумаки молӣ ба ҷангҷӯёни тоҷик ба зиндон маҳкум шудааст.

Ба гуфтаи Масъулони вазорат ӯ “пули хадамоти махсуси баъзе аз кишварҳоро гирифта, онҳоро барои паҳн кардани ғояҳои ифротӣ, харидорӣ, нашр ва густариши адабиёти экстремистӣ, ҷалб ва сафарбар намудани ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои ҷиҳодӣ сарф мекард”, дар ҳоле, ки барои ин иттиҳомот ҳеҷ далелу санадеро ҳам нишон надоданд.

Раиси Додгоҳи олӣ ҳам дар бораи парвандаи Дониёр Набиев ҷузъиёт намедиҳад. Дар ҳамин ҳол ишора карда, ки вакили дифои Дониёр Набиев ба Додгоҳи олӣ шикоят бурдааст ва феълан қазия дар марҳилаи кассатсионӣ баррасӣ мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Дониёр Набиевро рӯзи 27-уми августи соли 2020 дастгир карда, муҳокимаи ниҳои ӯ се моҳ баъд рӯзи 28-уми декабр паси дарҳои баста дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе сурат гирифт. Ин узви пешин ва солманди Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро додгоҳ ба 7 сол зиндон маҳкум кард. ҲНИТ дар баёнияе ҳама иттиҳомотро сиёсӣ ва маҳз барои бадном кардани ин пирамарди бегуноҳ донист.

То ҳол чанде аз созмонҳои бонуфузи байнамиллалии ҳомии ҳуқуқи башр, аз ҷумла Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар ё “Human Rights Watch” ҳабси Набиевро маҳкум карда озодии ӯро тақозо менамояд. Парвандаи ин пирамард аз пурсарусадотарин парвандаҳои ахир дар Тоҷикистон буд, ки сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳукумати кишварро зиёд танқид карданд.

Бо вуҷуди пурсарусадотарин хабари сол будани ин қазия масъули ҳуқуқи башар дар Тоҷикстон ё омбудсмени тоҷик дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, аз ин қазия огоҳӣ надорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

HRW аз Олмон талаб кард, ки ихроҷи Асадулло Бобоевро шарҳ диҳад

Созмони байналмилалии Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) аз мақомоти Олмон талаб карда, ки ихроҷи фаъоли мухолифи тоҷик Асадулло Бобоевро ба Тоҷикистон шарҳ диҳанд.

Душанбе ва САҲА: идомаи ҳамкориҳо бо вуҷуди курсии холии Душанбе дар Варшава

Пас аз иштирок накардани Тоҷикистон дар нишасти САҲА, намояндаи ин ниҳод бо мақомоти тоҷик дар Душанбе гуфтугӯ карданд.

Рӯзи маҳбусони сиёсӣ: беш аз як миллион маҳбуси сиёсӣ дар ҷаҳон

То имрӯз дар саросари ҷаҳон беш аз як миллион нафар ба сабаби фаъолиятҳои сиёсӣ ва ё дигарандешӣ дар зиндонанд.

Муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ камтар, вале аз Ҳиндустон ва Чин бештар

Русия дар пасманзари ҷанг алайҳи Украина ва камбуди шадиди қувваи корӣ ҷалби муҳоҷирони кориро зиёд кардааст.