28.9 C
Dushanbe

Кароблис нусхаи эътимодномаи худро ба Ҳусейнзода супурд

Раймундус Кароблис, роҳбари нави Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон рӯзи 6-уми сентябри соли ҷорӣ ба муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода нусхаи эътимодномаи худро супурд.

Бино ба иттилои ВКХ-и Тоҷикистон, зимни супоридани эътимоднома ҷонибҳо атрофи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ инчунин густариши ҳамкориҳои минтақавӣ суҳбат кардаанд.

Дар мансаби раиси Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Кароблис хонум Мэрилин Йозефсонро иваз кард. Хонум Мэрилин Йозефсон дипломати Шведӣ (Шветсиягӣ) буда, соли 2018 сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон таъйин шуда буд.

Хонум Мэрилин Йозефсон дар поёни давраи дипломатияш меҳмонии бо шукӯҳе баргузор карда, дар он дипломатҳои муқими Душанбе, фаъолони ҷомеа ва сиёсатмадорону наздикони Эмомалӣ Раҳмон ба шумули Ҷамолиддин Нуралиро даъват намуда, дар саҳфаи фейсбукаш аз домоди Раҳмон таърифу тавсиф карда буд.

Ин шоми рақсу бозӣ, меҳмонии бо шукӯҳи Намояндаи Аврупо ва

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз он шикоят мекунанд, ки Хонум Мэрилин Йозефсон дар замони дар ин мақом қарор доштанаш саркӯби мухолифин, рӯзноманигорон ва ҷомеаи шаҳрвандиро маҳкум намекард ва дар бораи нақзи ҳуқуқи башар ва саркӯби ақаллиятҳо боре ҳам изҳори назаре надошт ва бештар машғули баргузор намудани намоишгоҳи муди либос ва шомҳои рақсу бозӣ буд.

Гуфта мешавад, роҳбари нави Намояндагии ИА дар Тоҷикистон, Раймундус Кароблис 14- уми апрели 1968 дар шаҳраки Вашкайи Литва ба дунё омада ва солҳои 1986 -1992 донишкадаи ҳуқуқи Донишгоҳи Вилнюсро хатм намудааст. Аз соли 2016 то 2020 ҳамчун вазири дифои Литва кор кардааст ва аз марти соли 2022 то июни 2022 ҳамчун муовини вазири умури хориҷии Литва фаъолият доштааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Даҳ сол пас аз боздошти раҳбарони ҲНИТ: Нигарониҳо, паёмадҳо ва умедҳо

Даҳ сол пеш дар ҳамин рӯз раҳбарони ҲНИТ аз ҷониби мақомот ва маъмурони Эмомалӣ Раҳмон боздошт гаштанд.

СММ: Исроил дар Ғазза даст ба наслкушӣ мезанад

Кумитаи таҳқиқоти байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид рӯзи сешанбе таҳқиқоти худро дар бораи Исроил ба поён расонид.

Даҳҳо нафар дар Мазори Шариф алайҳи Толибон эътироз карданд

Дар Афғонистон мардум алайҳи ҳукумати сарпарасти Толибон ба далели поймол шудани ҳуқуқҳояшон эътироз карданд.

Ду мард беш аз $1 миллионро аз худ карданд

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, дар Душанбе ва Хуҷанд ду нафар бо гумони қаллобӣ боздошт шуданд.