Раҳмон аз афзоиши нерӯи барқ гуфт, вале аз қатъи “лимит” чизе нагуфт

Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 13-уми июл зимни сафари корӣ ба Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” гуфта, ки аз оғози фаъолияти ду агрегати нерӯгоҳ то ба имрӯз беш аз 4,6 миллиард киловатт–соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст.

Акс аз Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Раҳмон зимни суханронишя ишора кард, ки барои сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” давоми солҳои 2008 – 2021 “аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳо беш аз 31 миллиард сомонӣ маблағ равона карда шуда ва барои идомаи сохтмони нерӯгоҳ дар соли 2022 аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ боз 2,6 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст.”

Ҳангоми суҳбат, раисҷумҳур таъкид кард, ки 30 соли истиқлоли кишвар “287 неругоҳи барқи обии хурду бузург ва 1 маркази барқу гармидиҳӣ, 1,5 ҳазор километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, 50 зеристгоҳи баландшиддати барқӣ бунёду таҷдид ва дар маҷмӯъ, 75 фоизи инфрасохтори энергетикии кишвар навсозӣ карда шуда, ҳамчунин, беш аз 2000 мегаватт иқтидорҳои энергетикии иловагӣ бунёд шудааст.”

Раҳмон ҳамчунин изҳор дошт, ки соли 2021 бори аввал дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар истеҳсоли нерӯи барқ ба 20,6 миллиард киловатт – соат расонида шуд ва онро дастоварди назарраси соҳа номид.

Раисҷумҳури кишвар дар ҳоле аз афзоиши истеҳсоли нерӯи барқ ва бунёди нерӯгоҳҳои барқӣ мегӯяд, ки ҳамасола бо расидани фасли тирамоҳ дар Тоҷикистон барқ аз аҳолӣ қатъ мегардад ва дар сармои сахти зимистон аҳолӣ аз бебарқӣ ранҷи зиёд мекашанд.

Ҳамчунин ӯ нагуфт, ки бо афзоиши истеҳсоли нерӯи барқ имсол ҳам дар кишвар “лимит” ҷорӣ мешавад ё на.

Дар ин суханронӣ низ дар мавриди фурӯши нерӯи барқ ва даромади он ишорае нашуд, ҳатто маълум нест, маблағҳое, ки аз фурӯши барқ ба даст меоянд, ба буҷаи кишвар ворид мешаванд ва ё ҷайби нафари муайяне.

Дар суҳбати имрӯзаи Эмомалӣ Раҳмон аз сармоягузорони иҳтемолӣ ба НБО-и “Роғун” ишорае нашудааст. Дар ҳоле ки бино ба гузоризи “Reuters”, ҳафтаи гузашта Иттиҳоди Аврупо барои сармоягузорӣ ба Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” изҳори омодагӣ карда буд.

Далер Ҷумъа, вазири энержии Тоҷикистон дар суҳбат ба хабаргузории “Reuters” гуфта буд, ки тарҳи НБО-и “Роғун” ҳудудан 8 милярд доллар ҳазина дорад ва Ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2016 то имрӯз ҳудуди 3 милярд доллар дар ин пуружаи бузурги энержӣ сармоягузорӣ кардааст. Ҳукумати Тоҷикистон барои такмили нерӯгоҳи “Роғун” аз Иттиҳоди Аврупо дархости кумаки молӣ ва фаннӣ кардааст ва ин иттиҳодия низ омодааст дар “Роғун” сармоягузорӣ кунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷосусӣ тавассути реклама: дастгоҳҳои “Ал-Ҷазира” ҳадаф қарор гирифтанд

Пажӯҳишгоҳи Citizen Lab ошкор кардааст, ки рекламаҳои интернетӣ барои олуда кардани дастгоҳҳои кормандони “Ал-Ҷазира” ба ҷосусафзор истифода шудаанд.

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.