Раҳмон дар суҳбат бо ҷавонон аз хиёнату хиёнаткорӣ гуфт

Ҳамасола рӯзи 23 май дар Тоҷикистон, Рӯзи ҷавонон таҷлил карда мешавад. Ба муносибати ин рӯз, рӯзи 21-уми май Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонон мулоқот анҷом дод.

Дар оғози суханрониаш ӯ қайд кард, ки ӯ аввалин мулоқоти худро бо ҷавонон ба ҳайси роҳбари давлат 17 марти соли 1994 анҷом додааст. Ба гуфтаи Раҳмон, масъалаҳои асосӣ ва вазифаҳои он вохӯрӣ, хомӯш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва муттаҳидсозии ҷавонон дар ин давраи хеле душвор ва ба фаъолияти эҷодӣ равона кардани онҳо буд.

Мисли ҳарвақта Раҳмон имрӯзро бо 30 соли пеш муқоиса намуда гуфт, ки агар дар соли 1992 дар кишвар ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ буд, ки дар онҳо 70 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекард, пас соли 2021 дар кишвар 41 муассисаи олии таълимӣ бо 245 ҳазор донишҷӯ фаъолият доранд.

Дар ин вохӯрӣ Раҳмон аз суиистифодаи фаровони гурӯҳҳои террористиву ифротӣ аз фанновариҳои навин ва бахусус имконоти Интернет гуфта қайд намуд, ки “солҳои охир 70 фоизи шахсони ба сафи ҷангиёни кишварҳои дигар, аз ҷумла Сурияву Ироқ шомилшуда аз байни муҳоҷирони меҳнатӣ тавассути шабакаҳои интернетӣ ҷалб ва истихдом гардидаанд.”

Бино ба иттилои Эмомалӣ Раҳмон, дар вақтҳои охир нисбат ба 1660 нафар шаҳрвандони то 30 – сола, ки 41 нафари онҳо ноболиғ мебошанд, барои иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар ҳудуди кишварҳои хориҷӣ парвандаҳои ҷиноятӣ кушодаанд.

Эмомалӣ Раҳмон сабабҳои асосии майл пайдо кардани одамон ба хурофот, ифротгароӣ ва радикализми диниро, ба бесаводӣ рабт дод.  

Дар ин робита ӯ гуфт, ки бояд ҳамкориҳоро байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Вазорати маориф ва илм, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, волидон ва фаъолон тақвият додан лозим аст, то ҷинояткории ноболиғон ва ҷавонон пешгирӣ карда шавад.

Дар идома ӯ гуфт: “Шумо, фарзандони азиз, ҳеҷ гоҳ виҷдону имони худро нафурӯшед, ба Ватани маҳбубамон, миллати бостониамон ва давлати соҳибихтиёрамон ҳаргиз хиёнат накунед. Фаромӯш накунед, ки мардум хиёнат ва хиёнаткорро ба ҳеҷ ваҷҳ намебахшанд. Шумо бояд фахр кунед, ки шумо насли давраи истиқлол ҳастед ва дар як кишвари озод ва соҳибихтиёр зиндагӣ мекунед. Мо ба ҷавонон ҳамчун як нерӯи бузурги созанда такя мекунем ва итминон дорем, ки шумо рисолати бузурги таърихии ба зиммаи шумо супурдашударо бошарафона иҷро хоҳед кард”.

Дар ҳоле Раҳмон аз хиёнат мегӯяд, ки мухолифин фурӯхта шудани заминҳои Тоҷикистонро ба Чин хиёнат медонанд ва мегӯянд ин амал нобахшиданист.

Илҳомҷон Ёқубов яке аз фаъолони сиёсӣ дар саҳифаи фейсбукиаш зери ин хабар менависад, “Фаромӯш накунед, ки мардум хиёнат ва хиёнаткорро ба ҳеҷ ваҷҳ намебахшанд. Бале то қиёмат миллат замине,ки ба Чин фурӯхта шуд ва хиёнати бузурге анҷом шуд ва ҳоло ба Ворух хиёнат шуда истодааст ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад”.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ду шаҳрванди Тоҷикистон барои убури ғайриқонунии марзи Русия маҳкум шуданд

Додгоҳе дар шаҳри Новотроитски вилояти Оренбурги Русия ду шаҳрванди Тоҷикистонро барои убури ғайриқонунии марзи ин кишвар ба ҳабси хонагӣ маҳкум кардааст.

Қарор: Дарси тарбияи ҷисмонӣ барои коргарон ҷорӣ мешавад

Аз ин пас тамоми корфармоён дар Тоҷикистон вазифадор хоҳанд буд, ки барои кормандони худ ҳар рӯз на камтар аз 20 дақиқа машқҳои баданӣ ташкил намоянд.

Дар пайи ҳамлаи паҳподии Украина ба Маскав чанд тоҷири тоҷик зарар диданд

Дар натиҷаи ҳамлаҳои паҳподии Украина ба вилояти Маскав чанд корхонаи коркарди нафт оташ гирифта, бозори бузурги "Садовод", ки макони кори ҳазорон муҳоҷир, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон аст, осеб дидааст.

Шикояти зани маъюб: Хонаамро гирфтанд ва худамро террорист эълон карданд

Холматова Гулчеҳра, зани маъюби 58-сола иддао дорад, ки мақомоти додситонии кишвар ба ноҳақ зиддаш парвандаи ҷиноятӣ боз карда, ӯро дар ҷустҷӯ қарор додаанд.