Роҳи Душанбе-Чаноқ муваққатан баста шуд

Бахши тоҷикистонии ширкати “Инноветив Роуд Солюшнз ЛТД” (IRS) дар саҳифаи фейсбукияш хабар дод, ки роҳи Душанбе – Чаноқ муваққатан барои тамоми мошинҳо баста шудааст.

Ширкат сабаби қатъи ҳаракат дар ин шоҳроҳи бузургро рух додани садамаи мошинҳо гуфтааст.  

Тавре ин ширкат дар огоҳномаи худ менависад: “Бинобар рух додани садамаи нақлиётӣ дар километри 57 – уми роҳи Душанбе – Чаноқ ҳаракати тамоми намуди нақлиёт муваққатан маҳдуд карда шуд.”

Ба иттилои манбаъ, дар ин қисмати роҳи кӯҳӣ як мошини сабукрав ба қисмати оқиби мошини боркаш (Дулан) бармехӯрад ва хушбахтона, бар асари ин садама талафоти ҷонӣ ва ё захмӣ шудани касе ба қайд гирифта нашудааст.

Гуфта мешавад, “кормандони филиали Ширкат ва мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар “барои ба канори роҳ баровардани нақлиёти зикргардида сафарбар шуда, дар наздиктарин фурсат ҳаракати пурраи нақлиёт таъмин хоҳад гашт.”

Роҳи Душанбе-Чаноқ аз бузургтарин шоҳроҳҳои пулакии Тоҷикистон ба шумор рафта, шимоли кишварро ба пойтахт ва ҷануби он мепайвандад. Назорати ин роҳ аз соли 2009 ба дасти ширкати (IRS), ки ба яке аз наздикони Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ дорад, гузаштааст. Бо вуҷуди пулакӣ будани он, бо фаро расидани фасли сармо мушкилоти ронандагону мусофирон даҳчанд мешавад. Ронандагон бештар масъулони ин ширкати офшориро интиқод мекунанд, ки барои бехатарии мусофирон солҳост, ки пули ҳангуфт дарёфт мекунад, вале роҳҳро мувофиқи талабот бозсозӣ ва бехатар намегардонад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қирғизистон 170 хонаи аз Тоҷикистон гирифтаашро ба сокинон тақсим мекунад

Қирғизистон 170 хонаеро, ки аз Тоҷикистон гирифта буд, ба сокинонаш тақсим мекунанд.

Ҳукми абади ду нафар барои қатли Маннон Содиқов

Додгоҳи вилояти Суғд ду сокини шаҳри Исфараро бо иттиҳоми қатли узви пешини ҲНИТ ба ҳабси умрбод маҳкум кард.

Ҳамла ба полойишгоҳи бузурги Русия дар пасманзари камбуди сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин полойишгоҳҳои Русия дар шаҳри Киришии вилояти Ленинград мавриди ҳамлаи паҳподӣ қарор гирифта, дар он оташсӯзӣ рух дод.

Дар Самара пардохтҳои муҳоҷирон зиёд мешавад: акнун барои фарзандон ҳам маблағ месупоранд

Думаи вилояти Самараи Русия тағйиротеро қабул кардааст, ки аз соли 2027 афзоиши пардохтҳои муҳоҷирон ва пардохти иловагӣ барои фарзандони ҳамроҳашонро пешбинӣ мекунад.