Роҳкиро дар Тоҷикистон гарон шуд

Дар шаҳру вилоятҳои Тоҷикистон шуруъ аз фардо 1-уми сентябр нархи роҳкирои мусофиркашонӣ дар дохили шаҳр ва байнишаҳрӣ гарон мешавад.

Сурат: Asia-Plus

Тибқи қарори нави Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, арзиши роҳкирои хатсайрҳои дохилишаҳрӣ 50 дирам ва хатсайрҳои наздишаҳриву байнишаҳрӣ аз 3 то 5 сомонӣ гарон мешавад.

Вазорати нақлиёт сабаби гарон намудани нархи роҳкироро ба гароншавии аз ҳад зиёди нархи сӯзишворӣ дар кишвар рабт додааст.

Олим Очилзода, мудири Шуъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи ҳукумати Суғд, дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, “Фармони вазири нақлиёт дар бораи тағйирёбии нархи роҳқиро аз 21 июли тасдиқ гардидааст. Бар асоси ин фармон арзиши мусофиркашонӣ барои ҳар як километр 24 дирам муқаррар шудааст. Мо шароити иқтисодии мардумро ба назар гирифта арзиши роҳкирои дохилишаҳрӣ 2 сомонӣ ва ҳаминтавр наздишаҳрӣ ва байнишаҳрӣ аз 14 то 22 сомонӣ муқаррар карда шудааст”.

Ин нархнома ба вилояти Суғд марбут аст, аммо нархномаи шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи он то ҳол мушаххас нест.

Аз ин пеш аксар ронандагони нақлиёти мусофиркашонӣ дар шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон аз гарон шудани нархи сӯзишворӣ ва даромади ночизшон шикоят намуда, аз ширкатҳои мусофиркашонӣ ва идораҳои дахлдор талаб карда буданд, ки нархи роҳкироро гаронтар кунанд. Аммо сокинон аз гароншавии роҳкиро сахт нигаронанд.

Баъд аз моҳи майи соли ҷорӣ нархи сӯзишворӣ дар кишвар рӯз ба рӯз гарон шудан гирифт. Давоми 4 моҳ қариб дар тамоми кишвар нархи сӯзишвории бензин ва дизел 45-50 дарсад ва гази моеъ то 60 дарсад ҳам гарон шуд. Айни замон як литр бензини навъи АИ 95 дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ 10,5 сомонӣ, АИ 92 – 10 сомонӣ, сӯзишвории дизелӣ 9, 3 сомонӣ ва гази моеъ аз 3 сомонии 4 моҳ пеш ба 8 – 9 сомонӣ расидааст.

Мусофиркашони хатсайрҳои дохили Душанбе ва навоҳии тобеъу вилояти Хатлон пеш аз оне, ки Вазорати нақлиёти кишвар нархро муайян кунад, роҳкироро худашон то 35-45 дарсад гарон кардаанд.

23-уми август баъзе ронандагони таксӣ ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки роҳкиро байни Душанбе ва Роғун агар то чанд моҳ пеш барои як мусофир 25 сомонӣ буд, дар пайи болоравии нархи гази моеъ арзиши он то 40 сомонӣ гарон шудааст.

Гуфтанист, дар Тоҷикистон 29 воридкунандаи сӯзишворӣ сабти ном шудааст. Яке аз воридкунандаҳои асосӣ ширкати “Газпромнефт Тоҷикистон”-у ширкатҳои фаръии он, ки бо номҳои мухталиф сабти ном шудаанд ва воридкунанда ва фурӯшандаи аслии дигари сӯзишворӣ дар кишвар ширкати “Фароз” мебошад, ки ба Шамсулло Соҳибов домоди Эмомамалӣ Раҳмонов тааллуқ дорад.

Коршиносон яке аз сабабҳои аслии болоравии нархи сӯзишвориро дар Тоҷикистон дар инҳисор шудани ин бозор аз тарафи шахсони наздик ба хонавдаи Расиҷумҳур рабт медиҳанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.