28.9 C
Dushanbe

Хуросонӣ: Волии Панҷшер мардумро ба дод овардааст

Абдулҳамид Хуросонӣ, сардори амнияти Толибон дар Панҷшер волии ин вилоятро” ба зулму ситам ва хиёнат” муттаҳам карда, аз раҳбари Толибон хостааст, ки ӯро аз мансаб барканор кунад.

Акс аз ББС

Абдулҳамид Хуросонӣ, сардори амнияти Толибон дар Панҷшер бо нашри як навори видеоӣ, ки бо забони паштӯ сабт шудааст, аз волии Панҷшер ба мулло Ҳиббатуллоҳ Охундзода, раҳбари Толибон шикоят карда, гуфтааст, ки волӣ ва наздиконаш бо беадолатиҳои худ мардумро ба сутӯҳ овардаанд.

Сардори амнияти Толибон дар ин шикояти худ мегӯяд, ки агар сари вақт мулло Ҳиббатуллоҳ Охундзода волии ин вилятро аз қудрат барканор накунад, ба сабаби зулму ситам ва хиёнату ноадолатиҳое, ки дар байтулмол ва ҳаққи мардум анҷом дода мешаванд, байни мардум ва ҳукумат фосила ба вуҷуд меояд.

Пеш аз ин Абдулаҳамид Хуросонӣ борҳо нерӯҳои Ҷабҳаи муқовамати миллии Афғонистон бо раҳбарии Аҳмад Масъуд, писари шаҳид Аҳмадшоҳи Масъудро таҳдид карда, гуфта буд, ки ҳар касе оромӣ ва анимятро дар Аморати Толибон халалдор кунад, ба вай раҳм карда намешавад. Аммо бори аввал аст, ки вай аз волии Толибон шикоят карда, ӯро ба зулму ситам ва хиёнат муттаҳам мекунад.

Гуфтанист, то замоне, ки ин матлаб таҳия мешуд, ҳеч вокунише аз ҷониби Қудратуллоҳ Панҷшерӣ, волии ин вилоят дар хусуси иддаъоҳои Хуросонӣ дар расонаҳо нашр нашуда аст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Иқомаи як муҳоҷири тоҷик дар Русия бекор шуд

Пулиси шаҳри Самараи Федератсияи Русия иқомаи доимии як шаҳрванди Тоҷикистонро бекор кард.

Режаи ҳарбӣ дар Майдони Сурхи Маскав ва намоиши паҳподҳои эронӣ

Имрӯз, 9-уми май дар Майдони Сурхи шаҳри Маскав режаи ҳарбӣ бахшида ба 80-умин солгарди пирӯзии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор гардид.

Мақомоти Рашт: То девори мактаб чаппа нашавад, таъмир намекунем

Мақомот дар ноҳияи Рашт ба масъулини як мактаби хурде, ки дар ҳолати садавамӣ қарор дорад, гуфтаанд, то деворҳояш фурӯ нарезад, онро таъмир намекунанд.

Собиқ раиси Конибодом зиндонӣ шуд

Собиқ раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.